Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар ором намудани ҷанги шаҳрвандӣ

2022-10-07

Дар ҷамоати деҳоти Палдорак ба муносибати 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар байни хонандагони синфҳои 9-11 вохурӣ баргузор гардид. Дар ин вохурӣ раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Олимхон Исматӣ иштирок дошт.

Сараввал ҷонишини директори муассиса Валиев Мағзумбек мақсади вохуриро бо хонандагон шарҳ дода, суханро ба Раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар ноҳия Олимхон Исматӣ дод.

Раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар ноҳия зимни суханронӣ аз солҳои 90-уми асри гузашта, аз ҷумла қабул гардидани Истиқлолияти давлатӣ, сар задани ҷанги шаҳрвандӣ, оқибатҳои ногувори ҷанг дар ҳаёти сиёсиву  иҷтимоии мамлакат ва аз таърихи қабули Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд ёдоварӣ намуда, нақши ҳамин иҷлосияро дар ором намудани ҷанги шаҳрвандӣ муҳимму калидӣ донист.

Бори дигар ёдовар гардид, ки дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯро интихоб гардид. Дар вазъияте, ки ҳеҷ кас ҷуръати ба зимма гирифтани чунин масъулияти баландро надошт, бо як умед, нияти пок, ҳисси баланди ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ, бо мақсади сарҷамъ намудани миллате, ки хатари парокандашавӣ таҳдид мекард, бо як маҳорати баланд миллатро аз вартаи нобудшавӣ берун оварда, аз сифр давлатро бунёд намуданд.

Баъдан, доир ба мавзӯъҳои ватандӯстӣ, хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти брози назар намуда, таъкид дошт, ки чанд ҳафта қабл ҲНИТ, ки фаъолияти он дар Тоҷикистон мамнӯъ гардидааст, аз ҷониби Русия ташкилоти террористӣ эълон шудаву фаъолияти он дар қаламравӣ кишвараш манъ гардид. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки хешу табор, пайвандону бародароне, ки дар Русия кору фаъолият менамоянд, огоҳ намоем, ки ба ҳамин ташкилот ҳамкорӣ ё алоқа нанамоянд, то ки ояндаи худу фарзандони худро насӯзонанд ва доғ барои падару модар ва диёру кишвар наоранд, - иброз дошт раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар ноҳия Олимхон Исматӣ.

Дар охир шоир Олимхон Исматӣ шеъри "Анҷумани миллат"-ро, ки ба Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ бахшида шудааст, қироат намуд.