Забон – ҳастии миллат

2022-10-06

Тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони "Забон – ҳастии миллат " баргузор гардид, ки дар он муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбезода Сураҷ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, муовини якуми Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, сардори шуъбаи робитаҳои хориҷии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Абдулло Раҳнамо, ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон, профессор Гулназарзода Жило, мудири маркази матбуот ва таҳлилии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Илҳомҷон Ҳамидиён, намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханронӣ иброз гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ ҳангоми ироаи Паёмҳои маъмулии хеш ба масъалаи забон рӯ оварда, ба таҳлили бисёр омилҳое пардохтаанд, ки дар сурати дар амал татбиқ гардидани онҳо мавқею нуфузи забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва забони илм дар ҳамқадамӣ бо замон боз ҳам тақвият меёбад.

Бояд ёдовар шуд, ки нахустин рӯзҳои даврони истиқлолият дар шароити давлатдории навин барои рушди забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ аз тамоми шароиту имконот истифода менамояд. Рушди забони давлатӣ ҳамчун муқаддасоти миллат пазируфта шуда, аз вазифаҳои бисёр муҳимми давлат барои ҳифзи арзишҳои волои миллӣ дониста мешавад.

Бинобар ин, дар замони истиқлоли давлатӣ, ҳамаи мо вазифадорем ҳастем, ки забони гуворои тоҷикиро муқаддас дониста, онро аз ҳама гуна камбудиҳо ҳифз намоем. Ба қавли шоир то рӯзе, ки забони тоҷикӣ вуҷуд дорад, фарҳангу тамаддунамон побарҷост.