Забони давлатӣ - муаррифгари миллати мост

2022-10-06

Ҳамасола ҷашнгирии Рӯзи омӯзгор бо Рӯзи забони давлатӣ дар оғози моҳи октябр тавъам меояд ва он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳи хоса таҷлил мегардад.

Ба ин муносибат бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Иди касбии омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ, ҳамчунин, интихоб ва муаррифии Раиси нави Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Истиқлол” дар назди Кумитаи маҳаллаи “Масҷиди Савр” дар толори Гимназияи № 4 чорабинӣ баргузор гардид.

Чорабиниро Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ифтитоҳ намуда, Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Истиқлол” дар назди Кумитаи маҳаллаи “Масҷиди Савр” Муҳайё Акмалхӯҷаеваро бинобар ба вазифаи дигар гузаштанаш бо Сипоснома қадршиносӣ намуда, ҷиҳати фаъолияти пурсамар арзи миннатдорӣ баён кард. Сипас, бо ҷонибдории иштирокчиён раиси нави Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Истиқлол” Абдураҳмон Шарипов интихоб ва ба ҳозирин муаррифӣ карда шуд.

Ҳамзамон, раиси кумиҷроия Бахтиёр Исматҷонов маорифчиёни шаҳрро бо Иди касбии омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ муборакбод гуфт. Мавсуф зимни суханрони хеш таъкид кард, ки мақому манзалати устод, омӯзгор дар ҷомеа басо бузург ва арзандаи таҳсин аст. Маҳз омӯзгор аст, ки имрӯз фарзандони моро ба роҳи рост ва илму дониш равона сохта, дар қалби онҳо меҳри ватану ватандорӣ, маданияту маънавиёт ва одобу ахлоқро ҷой намуда, ба қуллаҳои баланди илмомӯзӣ ҳидоят мекунад. Аз ин лиҳоз мавқеи муаллим дар ҷамъият аз ҳама болост. Зеро касби омӯзгорӣ муқаддастарин пеша ва асоси ободии ҷомеа буда, маҳз ӯ ба инсон зиндагӣ кардан, дӯст доштан, эҳёгарӣ, эҷодкорӣ ва шинохти оламу одамро меомӯзад. Маҳз ӯ метавонад, дар қалби хонандагон ҳисси баланди шинохти Ватан, Модар, Миллат, нангу номусро бедор ва тақвият мебахшад. Ба ин хотир касби омӯзгорӣ пуршараф ва заҳматалабу боифтихор аст.

Ҳамчунин, барои пойдорӣ ва нигоҳ дошти забони давлатӣ саҳми омӯзгорон хеле бузург буда, дар ҷодаи омӯзиши забони тоҷикӣ барои толибилмон пайваста кӯшиш менамоянд. Воқеан, забони тоҷикӣ дар раванди ташаккул роҳи ниҳоят душвору пурпечутобро тай карда, аз санҷишу имтиҳонҳои сахту сангини таърих гузаштааст ва имрӯз дар даврони соҳибистиқлолӣ ва бунёди давлати миллӣ низ рисолати худро идома дода истодааст. Аз ин лиҳоз забони давлатӣ муаррифгари миллати мост.

Дар анҷоми чорабинӣ ба якчанд омӯзгорони пешқадам Сипоснома ва туҳфаи хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд тақдим гардид.