Конференсия ба Рӯзи забони давлатӣ ва гиромидошти 110 – солагии Мирсаид Миршакар

2022-10-06

Бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати гиромидошти Рӯзи забони тоҷикӣ дар толори театри мусиқию мазҳакавии шаҳри Хоруғ таҳти унвониЗабони миллатҳастии миллатва ҷашни 110 – солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар – “Шоири маҳбуби қуллаҳои гардунбусконференсияи илмӣамалӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриннисо Юсуфӣ, Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарифзода Фарангис Худоӣ, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ, олимону шоирон ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа иштирок намуданд.

Қабл аз оғози конференс дар саҳни театри вилоятӣ аз ҷониби Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, албом-эстафетаи "30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллатба раиси шаҳри Хоруғ тақдим карда шуд.

Баъдан, ҳайати расмӣ аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дидан намуданд.

Конференсияро Раиси вилоят Мирзонабот Алишер бо суханони шодбошии худ ба ифтихори ин ду санаи муҳим ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати таҳкими мақоми забони давлатӣ ва посу эҳтироми хотираи неки фарзонафарзандони миллат иқдомҳои наҷибу устувор гузошта шуданд. Пешвои муаззами миллат аз рӯзи нахустини роҳбарияшон сиёсати худашонро маҳз дар заминаи арзишу анъанаҳои волои умумиинсонию миллӣ пойдор намуда, дар асарҳоиЧеҳраҳои мондагорва суханрониҳои пурмуҳтавояшон, ташаккул ва таҳкими тафаккуру хотираи таърихиро яке аз омилҳои зарурии инкишофи давлат дониста, иброз медоранд: “Барои он ки давлати мо пойдору побарҷо ва ҷовидон бошад, мо бояд аз таърихи худ сабақ омӯзем, то роҳи фардои давлату миллатро боз ҳам равшантару ҳамвор созем”.

Гуфта шуд, ки устод Мирсаид Миршакар ҳамсоли як давраи нави инқилобӣ ва пуртаҳаввулоти таърихи миллати тоҷик мебошад. Бо барпо шудани ҳукумати Шӯравӣ муборизаҳои шадид барои таҳкими ҷойгоҳи миллати тоҷик, аз он ҷумла, забони тоҷикӣ, ба миён омаданд. Зеро аз як ҷониб агар ҷараёнҳои шовинистии давлатҳои ба моДустмавҷудияти миллати кӯҳанбунёди тоҷикро инкор мекарданд, аз тарафи дигар омилҳои иртиҷоии хурофотии дохилӣ монеъи навгониҳои судманд мешуданд. Дар чунин вазъият, дар радифи сарсупурдагони миллат Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемуру даҳҳо фарзандони вафодори миллат як зумра ҷавонони ғаюру диловар, ки устод Мирсаид Миршакар дар қатори онҳо буд, ба майдони мубориза ворид шуданд.

-Зимнан, бо ифтихор бояд тазаккур дод, ки соҳибистиқлолии мамлакат ва махсусан сиёсати асосноку маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имкониятҳои мусоидро фароҳам овард, то ки талошҳои ватанпарастони аҳди Шӯравӣ натиҷаи дилхоҳ ба бор орад, - афзуд раиси вилоят ва зикр кард, ки дар заминаи сиёсати оқилонаву фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамдастӣ мо метавонем дар ин самт корҳои назаррасу муфидро анҷом дода, ҳам хотираи неки ниёгони сарбаландамонро пос дорем ва ҳам вазифаҳои муҳимамонро дар ҷодаи таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзу ҳимояи дастовардҳои таърихию фарҳангӣ шарафмандона иҷро намоем.

Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайриннисо Юсуфӣ аз саҳми Пешвои миллат дар таҳкими ваҳдату истиқлолият ва якпорчагии Тоҷикистон ёдовар шуда, қайд кард, ки маҳз заҳматҳои хастагинопазири Роҳбарии Олии мамлакат буданд, ки миллат ва мардуми тоҷик имрӯз сарҷамъ ва дар кишварамон суботи комил ҳукмфармо аст.

Дар идомаи конфренс Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарифзода Фарангис Худоӣ, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ, Лаълҷубаи Мирзоҳасан, котиби шубаи бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаландариён Ҳоким Сафар, директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандаров, собиқадорон, ҷавонон баромад намуда, оид ба саҳми Пешвои миллат дар рушди забони давлатӣ, мақому манзалати забони тоҷикӣ дар давлатдории тоҷикон ва асолати ашъори мондагори устод Мирсаид Миршакар маърӯза намуданд.

Сипас, дар фазои тантанавӣ туҳфаи хотиравии Кумитаи Маркази Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо акси устод Мирсаид Миршакар ба Раиси вилоят тақдим гардид.

Барномаи консертии аҳли фарҳанги вилоят, ки саропо васфи истиқлолу озодии меҳанро таҷассум мекард, анҷомбахши мантиқии конференс гардид.