Ҳизбиёни Тоҷикобод “Албом-эстафета”-ро қабул намуданд

2022-10-06

Аксия “Албом-эстафета”, таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар сатҳи ҷумҳуриявӣ аксия “Албом-эстафета” доир гардида истодааст.

Тибқи муқаррарот ва ҷадвали тасдиқгардида, “Албом-эстафета” аз ноҳияи Рашт ба ноҳияи Тоҷикобод ворид гардид.

Меҳмононро дар ҳайати Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо, муовини раиси ноҳияи Рашт Муродзода Бахтиёр Сайалӣ, дар даромадгоҳи ноҳия “Албом-эстафета”-ро ҳайати расмии пешвозгирандагон Фақерзода Қадриддин Аббос Раиси ноҳияи Тоҷикобод, Фозилзода Ҳилолӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод ва намояндагони касбу кори гуногун дар фазои савту наво истиқбол намуданд.

Сипас меҳмонон ва иштирокчиёни аксия “Албом-эстафета” таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” аз даромадгоҳи ноҳия то макони баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ, ки дар Кохи фарҳанги ноҳия муаян гардида буд бо Парчамҳои милливу ҳизбӣ, шиору овезаҳои тараннумгари истиқлолу ваҳдат ва ватандӯстӣ роҳпаймоии идона намуданд.

Иштирокчиёни аксия “Албом-эстафета”, таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат”-ро хонадагон, ки гирандаи ситипендияи Президентӣ ноҳия Тоҷикобод мебошанд гарму самимӣ пешвоз гирифтанд, қироати шеърҳо дар васфи ватан ва истиқлолу озодӣ, хори умумӣ бо шарафи хизматҳои арзандаи Роҳбари давлат ва эъмори ҷомеаи навини тоҷикон, ҳунарнамои ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия аз зумраи чорабиниҳо пазироии меҳмонон буд.

Дар амфитеатри боғи фарҳанги ноҳия санъаткорони ноҳия бо барномаи мутантан аз сурудҳои ватандӯстона табъи иштирокчиёнро болида намуданд.

Ҳайати меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои дасти ва маҳфилҳои эҷодии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ “Зиёиён”, “Парасту” “МТКТ” ва “Маърифат” дида намуданд.

Баргузори ҳамоиши тантанавӣ яке аз ҷашнвораҳои марказии ҷашни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод ба ифтихори ҷашни муқаддасу таърихӣ 30-солагии баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи аксия “Албом-эстафета”, таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” маҳсуб меёбад, дар Кохи фарҳанги ноҳия идомаи мантиқии чорабиниҳои ҷашнӣ арзёбӣ гардид. Дар ҳамоиши мазкур Фақерзода Қадриддин Аббос Раиси ноҳияи Тоҷикобод, Фозилзода Ҳилолӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод, собиқадори меҳнат Абдусатторзода Баҳодур, аъзои ҷавони ҳизб Садафмоҳи Паҳлавоншоҳ оид ба “Нақши Иҷлосияи таърихӣ дар таҳкими сулҳу суботи кишвар суханронӣ намуданд.

Ба як чанд нафар ҷавонон дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақдим карда шуд.