Забони тоҷикӣ дар фарози асрҳо

2022-10-05

Забони тоҷикӣ забонест, ки ҳанӯз аз асри V пеш аз мелод зуҳур ва мақом дошт. Куруши Кабир бо ин забон фармонфармоӣ дошт ва  кишваркушоӣ мекард. Аввалин “Эъломияи умумии ҳуқуқи башар” низ бо ин забон таҳия гардидааст. Забони тоҷикӣ забони таъриху фарҳанг ва илму адаб мебошад. Дар дарозои таърих забони тоҷикӣ аз имтиҳоноти сахту сангин, муборизаҳои хунину зулму истибдоди ғоратгарони аҷнабӣ борҳо гузаштааст. Дар асрҳои гузашта забони тоҷикӣ бо вуҷуди ғоратгариҳо ва тохту тозҳои муғул, ки соҳибони онро куштанд, калламанора карданд, шаҳрҳои бузургу фарҳангии бо ин забон ободу бунёдгардидаро ба оташ ва боди нестӣ доданд, аммо ин забон, яъне забони тоҷикӣ рисолати худро гум накард. Ногузир ҳокимону золимони давр назди соҳибони ин забон барои идома ва пойдории ҳокимият сар фуруд оварданд. Соҳибони забони тоҷикӣ дар мақоми вузаро ва корҳои идорӣ қабул гардида, давлатдории он сулолаҳоро пеш мебурданд ва аз тарафи дигар бар рушду инкишофи ин забони бойи таърихӣ мусоидат мекарданд.

Соли 1219 Чингизи хунхор бо баҳонаи ба худ хос ва қатли ҷосусони худаш шаҳраки Утрорро, ки дар таърих унвонии “Фоҷеаи Утрор” машҳур аст, ба хоку хун кашид. Баъди ғасби ҳар шаҳри тоҷикон онҷо ба харобазор табдил меёфт. Бино бар иттилои “Таърихи ҷаҳонкушой”: “Омаданду канданду, сухтанду, куштанду, бурданду рафтанд”. Ин ифода ҳануз он замон аз зебогию тавоноӣ ва хеле содаву фаҳмо будани забони тоҷикӣ дарак медиҳад. Забони тоҷикӣ дар Хуросону Мовароуннаҳр, Осиёи Миёна, Ҳинду Эрон мақоми сазовор дошт ва дар маснади идораи давлат менишаст.

Вазиру дабирони давр, ки тоҷиктабор буданд ва дар дарбори ҳокимони муғул идораи давлатро бар зимма доштанд, олимону донишмандон ва ҳакимону мутафаккирони замонро гирд оварда, бо забони нобу шевои тоҷикӣ ҳавзаҳои адабию илмии бузургро ташкил карда буданд. Донишмандону файласуфон ва фарзонагоне мисли Ҷалолуддини Балхӣ, Хоҷа Насриддини Тусӣ, Шамс Қайси Розӣ, Шайх Саъдӣ, Камоли Хуҷандӣ, Соиби Табрезӣ, Хоҷа Ҳофиз, Шабистарӣ, Авҳадӣ, Хоҷуи Кирмонӣ, Фирдавсӣ ва монанди инҳо дар давраҳои вазнину сангини таърих бо ин забон асарҳои гаронбаҳо эҷод намуда, пояи забони нобу шевои тоҷикиро устувор намуданд. Ба қавли Фирдавсӣ:

Пай афкандам аз назм кохе баланд,

Ки аз боду борон наёбад газанд.

Забони тоҷикӣ забони илму фарҳанг ва тамаддунофар аст. Гуфтору ибораҳои он хеле зебо ва равону фаҳмо мебошад. Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар аснои ҳукмронӣ ва салтанатӣ худ пояи забони тоҷикиро устувор ва ҷойгоҳи онро пеш аз забони араб мақоми давлатӣ бахшид.

Соли 1972 дар Фаронса озмуни шевотарин забони олам доир мегардад. Ҳама олимону донишмандон, коршиносон ва равоншиносон, ки дар онҷо нишаста буданд аз лиҳози талаффуз, содагӣ, равонӣ, шеваи баён, оммафаҳм будани забон, надоштани овоз ва ҳарфҳои мураккабталафуз мақоми шевотарин забонро ба забони тоҷикӣ медиҳанд.

Миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги худро бо ҳамин забон иншо ва ба  ҷаҳониён муаррифӣ кардааст. Ҳикмат ва ахлоқи инсонпарварӣ, ки гавҳари осори ниёгони мост, бо забони тавоно ва ширину гуворои тоҷикӣ асрҳост, ки садо медиҳад.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар забони тоҷикӣ дар Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сифати забони давлатӣ эътироф ва дарҷ гардид. Ҳоло тибқи моддаи 2-юми Конститутсия, забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Тамоми расмиёти давлатӣ, коргузории давлатӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ ба забони тоҷикиӣ сурат мегрирад. Забони модарии мо - забони тоҷикӣ забони малакутӣ аст. Зеро аллаи модар ва суруди дилписанди он аз даҳони модар бо забони модарӣ садо дода ба гуш мерасад, хеле гуворо аст. Дар низоми давлатдории миллии тоҷикон ба гиромидошти забони тоҷикӣ ҳамасола 5-октябр Рӯзи забон таҷлил карда мешавад. Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати худ ҳимоятгару тарғибгари забони тоҷикӣ мебошад.

Ҳамон тавре, ки Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд: «Барои ман забони тоҷикӣ натанҳо воситаи гуфтугую муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он шиносномаи миллати азизам, руҳи поки

Гузаштагонам ва оинаи осори ниёконам мебошад».

Вализода Муҳаммад, Раиси Кумитаи

иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор