РУКНИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ АБАДАН ПОЯНДА БОД

2022-10-05

Охири солҳои 80-уми қарни гузашта дар аксар кишварҳои тобеи Иттиҳоди Шӯравӣ равандҳои демократикунонии ҷомеа ангезиш ёфта, дар доираи бозсозӣ ҷунбишҳои миллӣ-демократиро падид оварданд. Дар ин давра сиёсати солҳо якгунаи шахшудамонда аз чаҳорчӯбаи кайҳо кӯҳнагардидааш бурун ҷаста ҷараёнҳои “ошкорбаёнӣ” ва “бозсозӣ”-ро тавлид сохт ва ин омилҳои нав имконият фароҳам оваранд, ки аксар нуқсонҳои даҳсолаҳо анборшудаи сиёсати коммунистии замони Шӯравӣ, аз ҷумла масоили баробарҳуқуқии халқу миллатҳои тобеи Шӯравӣ ба таври васеъ мавриди муҳокима қарор гиранд.

Қатори аксар кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар кишвари мо низ баъзе дигаргуниҳо сурат гирифтанд ва маҳз дар ҳамин росто яке аз масъалаҳои хеле муҳими он давра муайянсозии мавқеъ ва мақоми забони тоҷикӣ дар ҷомеа падид омад. Коршиносон бар он назаранд, ки дар давоми анқариб сӣ соли охири давлатдории Шӯравӣ, аниқтараш аз ибтидои солҳои шастум то охирҳои солҳои ҳаштодуми асри гузашта масъалагузории мавқеъ ва мақоми забони тоҷикӣ дар дираи давлату ҷомеа ягон маротиба (дар доираҳои роҳбарикунандаи ҳизбию давлатӣ ва муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ) ба таври ошкоро ва ҷиддӣ баррасӣ нагардида буд.

Баръакс, дар тамоми ҷумҳуриҳои онвақтаи Иттиҳоди Шӯравӣ ва аз ҷумла дар кишвари мо низ сиёсати русикунонии ҷомеа амалӣ мегардониданд. Ин сиёсати яктарафа ба бисёр арзишу суннатҳои мардумӣ зарба зада, ҳамзамон ба мақому мавқеи забони тоҷикӣ маҳдудият ворид сохт, арзишҳои миллию халқии ҳазорсола дар доираи ҷомеа коста гардида, мавқеи маърифату фарҳанги таърихиро дар байни наслҳои он давра хеле суст карданд. Ҳатто андеша ва гузоришҳои бепояву сунъисохти “шаклан миллию мазмунан сотсиалистӣ” дар баробари дигар рукнҳои нигоҳдорандаи миллат, ба ҷавлону устувории забони модарӣ, ки тӯли таърихи дароз бо қалами ҳазорон мутафаккирону адибони гузашта сайқал ёфта буд, халали ҷиддӣ ворид месохтанд.

Ҳамин тавр, дар охири солҳои ҳаштодум ҷомеаи замони Шӯравӣ дигаргуна шуд ва дар кишвари мо низ сабабгори эҳё шудани ҳисси миллии тоҷикон гардид. Он солҳои қолабшиканӣ дар аксар гӯшаҳои кишвар зиёиёну равшанфикрони ҷомеа дар ҷамъомадҳо, тавассути радиову телевизион, ҳатто дар маҷлисҳои сатҳи болоӣ фикру дархостҳояшонро дар бораи мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ баён менамуданд. Аксари равшанфикрону зиёиён аз Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дигари роҳбарикунандаи вақт талаб менамуданд, ки дар ҷумҳурӣ ба забони модариашон мақоми давлатӣ дода шавад. Ана ҳамин фишори оммавӣ дар замони Шӯравӣ роҳбарияти ҳизбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро маҷбур намуд, ки ин масъалаи муҳимро мавриди омӯзишу баррасӣ қарор диҳад.

Дере нагузашта, 22 июли 1989 дар маҷлиси навбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қонуни забони тоҷикӣ (форсӣ)» қабул гардид ва мутобиқи ин қонун минбаъд забони тоҷикӣ дар қаламрави кишвар мақоми давлатиро пайдо кард. Ҳамин тавр, аз он давра то соли 2009 дар ҷумҳурӣ ин санаи муҳим ҳамчун «Рӯзи забон» ҷашн гирифта мешуд ва ҳамвора Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили минбаъдаи қонунгузории ҷорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро аз нав қабул кард. Акнун, бо имзои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қонуни номбаргардида 5-уми октябр “Рӯзи забони тоҷикӣ эълон гардид.

Инак, дар ин рӯзи таърихӣ забони нобу ширини модарии мо – забони шакарбори тоҷикӣ ба асли худ баргашта, дар замони соҳибистиқлолии кишвари азиз боз мавқеи устувору пойдор пайдо намуд. Тӯли асрҳо бо ин забони равону пухтаву бурро ҳазорон донишмандон, адибону муттафакирони сатҳи байналмималӣ, олимони барӯманди миллати тоҷик, аз ҷумла Рӯдакиву Фирдавсӣ, Ибни Синову Мавлонои Балхӣ, Дақикӣ, Саъдиву Ҳофиз ва Ҳилоливу Бедил сухан гуфта, нуфӯзи донишу маърифати шарқиёнро оламгир кардаанд.

Дар шароити имрӯза забони тоҷикӣ асоситарину волотарин рукни миллию давлатдорӣ дониста шуда, гузаштаи пурифтихори миллатро бо имрӯзаву наслҳои оянда мепайвандад. Айни замон бо ин забони ноб анқариб 30 миллион мардумони олам ҳарф мезананд.

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамавақт, дар ҳама баромаду вохӯриҳои судмандашон мавқеъ ва мақоми забони тоҷикиро ба ҳайси муҳимтарин рукни арзишҳои миллию давлатдорӣ ҳушдор додаанд. Аз ҷумла Сарвари давлат дар яке аз баромадҳояшон зикр намуда буданд, ки: «Забони тоҷикӣ имрӯз ба забони илму фарҳанг табдил ёфта, чорабиниҳои илмӣ бо забони давлатӣ сурат мегиранд, олимони мо асарҳо ва мақолаҳояшонро бо риояи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ таҳия карда, ҷиҳати инкишофи забон сайъу кӯшиши зиёд менамоянд. Мо бояд минбаъд низ ба масъалаи рушди меъёрҳои забони давлатиамон эътибори ҷиддӣ ва доимӣ диҳем. Ба ин хотир мутахассисони забоншиносу суханшиносро зарур аст, ки ҷиҳати такмил додани қоидаҳои забони тоҷикӣ, риояи асолати меъёрии он тадбирҳои судманд андешанд ва дар тарғибу ташвиқи ин забони хушоҳанги рӯҳнавоз ҳиссаи ватандӯстона гузоранд».

Ташрифзода Амиралӣ Сафаралӣ,

муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе