Истиқболи “Албом-эстафета” дар ноҳияи Рашт

2022-10-05

Аксияи ҷумҳуриявии “Албом-эстафета”, ки бо иқдомоти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” вориди ноҳияи Рашт гардид. Тибқи муқаррарот ва ҷадвали тасдиқгардида “Албом-Эстафета”-ро аз ноҳияи Нуробод ноҳияи Рашт пазироӣ намуд. Дар даромадгоҳи ноҳия “Албом-Эстафета”-ро ҳайати расмии пешвозгирандагон Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо, муовини раиси ноҳияи Рашт Муродзода Бахтиёр Сайалӣ, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ меҳмононро дар фазои савту наво истиқбол намуданд.

Иштирокчиёни аксия дар маркази ноҳия бо парфишонии парчам ва шиору овезаҳо ҷамъ омада, ба хотири эҳтиромияти ин санаи таърихӣ дар назди муҷҷасамаи Исмоилӣ Сомонӣ гулчамбар гузоштанд. Дар толори қасри фарҳанги ноҳия намоиши дастовардҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” ба роҳ монда шуда, аз ҷониби аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” шеърҳо қироат карда шуд.

Бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо чорабинии сиёсию фарҳангӣ бахшида ба ин аксия доир гардида, дар он муовини раиси ноҳия Муродзода Б. С. Оид ба “Нақши Иҷлосияи таърихӣ дар таҳкими сулҳу суботи кишвар” ва раиси КИ ҲХДТ дар н. Рашт Идизода З.Ф. дар мавзӯи ”Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пойдевори муҳташами Кохи сулҳ” баромад намуда, дар анҷом аз ҷониби ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг” бо барномаи консертӣ таъби ҳозирин болида гардонида шуд.