Нуробод “Албом-эстафета”-ро қабул намуд

2022-10-05

Аксияи “Албом-эстафета” ба ифтихори 30-солагии Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “30 соли созандаги бо Пешвои муаззами миллат” аз шаҳри Роғун ба ноҳияи Нуробод расид.

Меҳмононро аз шаҳри Роғун бо роҳбарии муовини раиси шаҳр раиси ноҳияи Нуробод Ҷобирзода Додарҷон Пулод бо муовинонаш, раиси КИ ХХДТ дар ноҳияи Нуробод Саъдуллоев Саломатшо ва аъзои фаъоли ҳизб истиқбол гирифтанд.

Ҳайати меҳмонон “Албом-Эстафета”-ро ба раиси ноҳияи Нуробод ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ботантана супоридаанд.

Ин шукўҳмандӣ бори дигар исбот намуд, ки мардуми ноҳияи Нуробод дар роҳи ягонагиву муттаҳидӣ ва якпорчагии кишвар аз пешсафон ба шумор мераванд.

Меҳмонон аз намоишгоҳи ташкилоти ибтидоии “Парастор”-и мактаб-интернати ҷумҳурияви кўдакони ятим, мусобиқаҳои варзишӣ аз намудҳои шоҳмот, шашка ва тенниси рўйи миз дидан намудан.

Дар ҳамин замина, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод ва ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ба номи Асадуло Ғуломов бо муносибати Рўзи забони давлатӣ конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Истиқлолият ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон” баргузор гардид. Дар кори конфиренсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод Саъдуллоев Саломатшо, роҳбари дасгоҳи раиси ноҳияи Нуробод Мавҷуд Сатторӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Саидов Эшонҷон, мудири шуъбаи маориф, номзади илмҳои филалогия Оятулло Додаров, директори коллеҷи муҳандисӣ-техникии ноҳия Файзалӣ Сангаков ва омўзгорону донишҷўён иштирок доштанд.

Зимни баромад Саломатшо Саъдуллоев қайд намуд, ки бо шарафати Истиқлоли давлатӣ забони нобу шоиронаи тоҷикӣ ба феҳристи забонҳои давлатҳои мустақили ҷаҳон ворид гардида, дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти густурдаи забони тоҷикӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. 

Забони давлатӣ ва тақвияту таҳкими мақоми он дар таърихи давлатдории навини мо ҳамеша яке аз масъалаҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷа ба ҳисоб рафта, имрўз низ пайваста дар маркази диққати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.