"Албом -эстафета" ба ноҳияи Файзобод ворид гардид

2022-10-04

Бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ҷумҳурӣ аксияи “Албом -эстафета” таҳти унвони «30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат» доир гардида истодааст, ки дар он собиқадорон, вакилони онвақтаи Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолони ҳизбӣ иштирок доранд.

Инак, “Албом-эстафета” ба ноҳияи Файзобод ворид гардид.

Дар назди даромадгоҳи шаҳраки Файзобод Каримзода Ҷунайдулло, муовини раиси ноҳияи Файзобод, Латифзода Шавкат - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Файзобод ва намояндагони касбу кори гуногун, ҳайати меҳмононро бо роҳбарии муовини раиси шаҳри Ваҳдат Каримзода Мансур ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Ҳайдарзода Ислом Ҳайдар истиқбол гирифтанд.

Меҳмонон ва иштирокчиёни аксияи “Албом-эстафета аз даромадгоҳи шаҳраки Файзобод то макони баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ, ки бо Парчамҳои милливу ҳизбӣ, шиору овезаҳои тараннумгари Истиқлолу ваҳдат ва ватандӯстӣ ороста буд,  роҳпаймоии идона намуданд.

Дар доираи аксияи мазкур мусобиқаи воллейбол байни писарон ва бозии шашка ва шоҳмот байни духтарон шуруъ гардид.

Бо мақсади дар зеҳну шуури насли наврасу ҷавон бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ ва мустаҳкам намудани ҳофизаи таърихии онҳо дар синфи таърих дарси кушод дар мавзӯи “Иҷлосияи тақдирсози миллат”, бо иштироки хонандагони синфҳои болоӣ баргузор гардид.

Иқдоми мазкур собитгари он аст, ки сокинони Тоҷикистони азиз ба арзишҳои милливу давлатии хеш эҳтиром мегузоранд  мегузоранд.

Зимни суҳбат ёдоварӣ гардид, ки ҳаёти осудаи имрӯзаи мо аз Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри Арбоб шурӯъ шуд. Вазъияти солҳои 1991-1992 набояд аз хотири халқ фаромӯш шавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузоштани пояҳои сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар заминаи асосӣ ба миён овард.

Дар идома, меҳмонон аз ёдгориҳои таърихи Хоҷаи "Ҳотам", "Вашгирди қадим" ва Осорхонаи таърихӣ - кишваршиноси ноҳия дидан намуданд. Зеро эҳтироми ба гузаштаи таърих рӯҳияи ватандӯстии мардумро баланд бардошта, онҳоро барои садоқат ва ҳифзу ободии Ватани азизамон, татбиқ намудани ормонҳои миллатсозии Пешвои муаззами миллат раҳнамун месозад.