Сарбози ихтиёрии ҲХДТ

2022-10-04

Дар қатори дигар ихтиёриён сарбози ихтиёрии ҲХДТ аз ҷамоати деҳоти «Кушктеппа»-и деҳаи «Ғурулдӣ»-и ноҳияи Темурмалик Маҳмадназаров Муҳамадҷон низ дар “Рӯзи даъватшаванда” иштирок намуд.

Аз ҷониби раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид ба ин наваскар супоридани шаҳодатномаи «Сарбози ихтиёрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» ҷолибу назаррас буд.

Боиси зикр аст, ки дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳавасмандгардонии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ҳамчун ташаббуси навбатӣ «Роҳнамо барои ҷалби сарбози ихтиёрӣ» татбиқ намуд.

Барои тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва ҷасорату мардонагӣ, аз ҷумла хизмати ихтиёрии ҳарбӣ зарур аст, ки механизмҳои муосири идеологӣ ташаккул дода шаванд. Яке аз чунин механизмҳоро метавон механизми халқӣ ва ё ҷамъиятии сафарбарнамоии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ном гузошта, онро бо истифода аз иқтидории ташкилии сохторҳои идеологӣ (ҳизбӣ), аз ҷумла истифодаи раисони ташкилотҳои ибтидоии маҳаллаву деҳот ва кумитаҳои маҳаллаву деҳот бевосита амалӣ намуд.

Дар умум, 12 қадаме, ки Роҳнамо муайян кардааст, татбиқи онҳоро масъулон қабул доранд ва ҳатто зимни суханрониҳо саривақтӣ будани чанде аз онҳоро, аз ҷумла, фаҳмондадиҳии сокинон-волидони даъватшавандагон, ҳавасмандгардонии ҷавонон барои хизмати ҳарбӣ ва волидони онҳо барои сафарбар кардани фарзандон иброз менамоянд.