Забон ва Истиқлоли миллӣ

2022-10-04

Яке аз рукнҳои асосии давлати соҳибистиқлол забони миллии он аст. Забон дар пойдории давлати миллӣ нақши асосиро иҷро мекунад. Аз ин рӯ, ҳар давлате, ки мехоҳад қудрати сиёсӣ, иктисодӣ ва фарҳангии хешро таҳким бахшад, қабл аз ҳама, бояд нуфузи забони миллиашро густариш диҳад. Халқи тоҷик муборизаи хешро барои истиқлоли ҷумҳурӣ маҳз аз талош ба хотири қабули забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлати дар қаламрави Тоҷикистон оғоз карда буд.

Ёдрас бояд кард, ки 22 июли соли 1989 ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуда буд, аммо баъди пошхурии Иттиҳоди Шӯравӣ он аҳамияташро гум кард. Бинобар ин, дар замони Истиқлолият зарурати аз нав таҳия ва қабул намудани конуни мазкур ба миён омад. 5- уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатӣ" ба тавсиб расид ва мавриди амал қарор гирифт. Аз он вақт ҷашни забони давлатӣ ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати тамом таҷлил мегардад.

Бояд гуфт, ки қонуни забоне, ки дар он давра дар Тоҷикистон қабул шуд, дар ҷумҳуриҳои собиқ Итиҳоди Шуравӣ аввалин қонуни забон буд. Дар он замон ин амал як иқдоми бузург дар роҳи касби истиқлол маҳсуб мешуд. Аҳамияти ин қонун дар роҳи худогоҳӣ ва ташаккули фарҳанги миллӣ хело бузург аст. Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хело бамаврид дар ин бора ёдовар шудаанд:

"Истиқлолияти фарҳангии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир ба назари ман аз кушишу талошҳои зиёиёни равшанзамир ва аҳли ҷомеа баҳри истиқлолияти забон ва мақоми давлатӣ ёфтани он оғоз ёфт".

Гиромидошти хотираи ниёгон ва ифтихороти таърихиву миллии тоҷикон, махсусан, ифтихору таҷлил аз аввалин давлати муқтадири тоҷикон Сомониён дар Тоҷикистон баъд аз касби истиқлол ва истиқрори давлати ҳуқуқбунёду демократӣ бо роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як идеологияи ваҳдати миллӣ табдил гашт, ки тамоми мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳонро ба ҳам муттаҳид сохт. Ва ин ваҳдати миллӣ танҳо тавассути забони миллӣ, ки пояи истиқлоли миллист, имконпазир гардид.

Истиқлолият барои рушди забони тоҷикӣ имкони васеъ фароҳам овард. Дар солҳои Истиқлолият забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ дар умури сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ мавқею мартабаи шоиста дарёфт намуда, дар самти коргузориву эҷоди қонунҳо, илму маориф, фарҳанг ва равобити дохилию хориҷии кишвар ба таври васеъ мавриди истифода қарор гирифт.

Забони мо аз муқаддасоти миллӣ маҳсуб ёфта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди он дар мақоми забони давлати тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мазмунро ба тариқи зайл баён доштанд: "Имрӯз мову шумо Рӯзи забонро дар руҳияи ифтихор аз арзишҳои фарҳанги миллӣ ва арҷ гузоштан ба ҳамаи муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ дар замони давлатдории миллӣ таҷлил менамоем".

Ба ҳамин хотир имрӯз мо бояд, ҳифзи забони давлатиро яке аз вазифаҳои муқаддаси хеш шумурда, онро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем.

Аз чунин фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи сокинони кишварро бо фарорасии Рузи забони давлати табрику таҳният гуфта, барои шумо сиҳатӣ, саломатӣ, хушбахтӣ, ободии рӯзгорро орзумандам.

Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоотии

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рушон