Конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи забони тоҷикӣ дар мавзуи “Бузургдошти забони тоҷикӣ ва мақоми он дар эҳёи давлатдории миллӣ”

2022-10-03

3-юми октябри соли 2022 бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи забони тоҷикӣ, ки ҳамасола 5-уми октябр дар саросари кишвар таҷлил мегардад, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони Бузургдошти забони тоҷикӣ ва мақоми он дар эҳёи давлатдории миллӣбаргузор гардид.

Дар кори конфронс муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодатшо Матробиён, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Неъматшо Маликшозода, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, декани факултети филологияи тоҷики ДМТ Сироҷиддини Эмомалӣ, як қатор олимону донишмандони соҳа, кормандони масъули сохторҳои ҳизб дар шаҳри Душанбе, аъзои ТҶҶ Созандагони Ватанва намояндагони ВАО ҳузур доштанд.

Конференсияро муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ифтитоҳ бахшида, нахуст ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи забони тоҷикӣ табрику шодбош гуфт.

Тавре аз гуфтаҳои А. Азизӣ бармеояд, 13 сол муқаддам, яъне 5-уми октябри соли 2009 бо назардошти воқеияти замони соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи забони давлатӣқабул гардид. Забони шоиронаву зебои тоҷикӣ бузургтарин ва гаронбаҳотарин дороиву сарват, ифтихор  ва рӯйи сурху сари баланди мо тоҷикон яке аз миллатҳои қадимтарини дунё мебошад. Ин санаи муҳим Рӯзи забони давлатӣ  эълон гардид ва ҳар сол аз ҷониби соҳибзабонон, яъне мардуми шарифи Тоҷикистон таҷлил мешавад.

- Бузургдошти забони модарӣ, сарнавишти таърихӣ ва мақоми он дар бузургдории давлатдории миллӣ ва пойдории арзишҳои ҳувиятсозии миллӣ дар назариёти сиёсӣ ва сабки давлатдории Пешвои миллат аз аҳамияти бағоят муҳим бархурдор аст. Ғамхориву пуштибонии доимӣ нисбат ба забони давлатӣ вазифаи ҳар як фарди бонангу номуси миллат, яъне соҳибони забон мебошад. Барҳақ, Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст таъкид мекунанд, ки забони миллӣ барои дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ кардани миллат нақши калидӣ дорад,-гуфт дар идома муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ

Сипас, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Олимҷон Муҳаммадҷонзода, вакили Маҷлиси намояндагони МО ҶТ Саодатшо Матробиён ва декани факултети филологияи тоҷики ДМТ Сироҷиддини Эмомалӣ дар мавзӯъҳоиПешвои миллат оид ба азамат ва шукӯҳи забони тоҷикӣ”, Пешвои миллат ҳомии забони тоҷикӣ ва Эмомалӣ Раҳмон Пешвои тафаккурсоз маърӯза карданд.

Гуфта шуд, ки ҷашни забони давлатӣ парвардаи замони Истиқлол ва замони эҳёи давлатдории миллии тоҷикон аст. Бузургдошти забони модарӣ, сарнавишти таърихӣ ва мақоми он дар бузургдории давлатдории миллӣ ва пойдории арзишҳои ҳувиятсозии миллӣ дар назариёти сиёсӣ ва сабки давлатдории Пешвои миллат аз аҳамияти бағоят муҳим бархурдор аст.

Дар идома Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб дар мавзӯи “Забон ва эҷод” андешаронӣ намуда, як шеъри худро, ки ба забони тоҷикӣ бахшида шуда буд, қироат намуд.

Маърӯзачиён таъкид карданд, ки бузургони миллати тоҷик дар тӯли таърих бо ин забони ҷаззоб осори арзишманди адабӣ, бадеӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ба мерос гузоштаанд. Мо ифтихор мекунем, ки Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлонои Балхиву Бедил ва ҳазорон нафари дигар қалби ҷаҳониёнро бо ин забони ноб, яъне забони модариву давлатии мову шумо тасхир кардаанд.