НАҚШАИ ҲХДТ ҶИҲАТИ САЗОВОР ТАҶЛИЛ НАМУДАНИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ ТАСДИҚ ГАРДИД

2022-10-03

Мутобиқи талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва нишондоди Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ки самтҳои муҳимтарини рушди мамлакатро барои солҳои 2020-2025 муқаррар менамояд, бо мақсади сазовор таҷлил намудани Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ фармоиши муовини якуми Раиси ҳизб Абдуҷаббор Азизӣ дар бораи тасдиқи Нақшаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати сазовор таҷлил намудани Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ ба тасвиб расид.

Тибқи фармоиши мазкур, Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҷиҳати амалӣ намудани нақшаи мазкур бояд тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Бояд гуфт, ки нақшаи мазкур аз 23 банд иборат мебошад. Тибқи он ташкил ва баргузор намудани конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат”, сафарбар кардани гурӯҳҳои тиблиғотӣ аз ҳисоби аъзои кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо, иштирокчиёни Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва Шӯрои собиқадорони ҲХДТ оид ба тарғиби нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти ҷомеа, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ омода ва насб намудани шиору овезаҳо бо навиштаҷот аз нуктаҳое, ки аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, нашри мақолаҳои таҳлилӣ ва назару андешаҳо оид ба Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, баргузории мулоқот дар қисмҳои ҳарбӣ дар байни сарбозону афсарон, баргузор намудани ҳашарҳои дастҷамъона дар ташкилотҳои ибтидоӣ ва марказҳои шаҳру ноҳияҳо, гузаронидани иншои беҳтарин байни донишҷӯёни донишгоҳҳу донашкадаҳо, коллеҷу омӯзишгоҳҳо ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ таҳти унвони “Иҷлосияи XVI Шӯрои олӣ-наҷотбахши миллат” дар назар дошта мешавад.

Дар доираи фармоиши мазкур ташкил ва баргузор намудани форуми ҳизбиёни пойтахт таҳти унвони “Иҷлосияи сарнавишсоз” аз рӯйи бахшҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, намоиши китобҳои Пешвои миллат, боздид аз осорхонаю маконҳои таърихии шаҳри Душанбе пешбинӣ мешавад.

Доир намудани фестивал – озмуни “Оини ватандорӣ”, иқдоми идонаи “Як рӯзи ҳизбиён дар Қасри Арбоб”, аёдати вакилони Иҷлосия ва ташкили вохӯрии се насл аз чорабиниҳои умдаи нақшаи мазкур дониста мешаванд.

Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарнавишти миллати мо нақши муҳим ва муассир бозидааст, ки аҳаммияти он дар таҳкими сулҳу суботи кишвар дар айёми соҳибистиқлолӣ беназир маҳсуб мешавад.

Иҷлосияи мазкурро ҳамчун пойдевор ва Кохи муҳташами сулҳ дар Тоҷикистон метавон арзёбӣ намуд, зеро маҳз дар он ҳайати нави сиёсии роҳбарияти олии кишвар бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид, ки минбаъд барномаҳои амалии рафъи бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавии кишварро таҳия ва қабул намуд. Ин иқдоми бузург заминаи эҳёи миллиро фароҳам овард ва хатари парокандагии давлати тоҷиконро аз миён бардошт.

Ёдовар мешавем, ки ҷиҳати тарғибу ташвиқи аҳаммияти Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар ташаккули давлатдории миллӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихиву беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон дар доираи талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фармоиши дигари муовини якуми Раиси ҳизб Абдуҷаббор Азизӣ ба тасвиб расида буд, ки тибқи он аксияи ҷумҳуриявии “Албом-Эстафета” бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо доир гардида истодааст.