Шанбегии дастҷамъонаи кормандони КИМ ҲХДТ

2022-10-03

Бо мақсади ҳифзи муҳити зист, вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани гирду атроф кормандони КИМ ҲХДТ ба шанбегии дастҷамъона баромаданд.

Қайд намудан зарураст, ки иқдоми зерин дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам сурат гирифта, ҳизбиён пайваста бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар пайи ободиву шукуфоии Ватан талош доранд.

Аз ҷумла, дар барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар самти ҳифзи муҳити зист, истифодаи захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ва беҳдошти вазъи экологӣ ва мукаммал гардонидани қонунгузорӣ, коҳиш додани партовҳои корхонаҳои саноатӣ, нигоҳдории биогуногунӣ (табиати зинда) ва ҷангал, сарфаю истифодабарии оқилонаи об ва энергия, мубориза алайҳи биёбоншавӣ ва ҳифзи замин, мониторинги обшавии пиряхҳо, истифодаи захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ва беҳдошти вазъи экологӣ диққати махсус зоҳир гардида, барои амалӣ гардонидани он тамоми заминаҳои воқеӣ фароҳам оварда мешаванд.

Дар шанбегӣ кормандони масъули КИМ ҲХДТ ва роҳбари қабулгоҳи ҷамъиятии ҳизб дар шаҳри Москва С. Мирзомуддинов фаъолона иштирок намуда, гирду атрофро тамизкорӣ намуданд.

Чунин иқдом дар тамоми кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо доир гардид.