“Албом-Эстафета” дар Ваҳдат. Идомаи тантанаҳои идона

2022-10-03

Даромадгоҳи шаҳри Ваҳдат – майдончаи дуроҳаи самти дараи Ромит ва шаҳр намуди идона дошт. Шиору овезаҳо, дастаи хунёгарону духтарону писарони либосҳои идона ба бар дар дастҳо парчамҳои давлатии Тоҷикистону ҲХДТ ва гулдастаҳо саф ороста, меҳмононро интизорӣ мекашиданд.

Аксияи “Албом-Эстафета”, ки бо ибтикори КИМ ҲХДТ ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи таърихии ХXI Шӯрои Олии Тоҷикистон таҳти унвони “30 соли созандагӣ бо Пешви муаззами миллат” ташкил гардидааст, аз ноҳияи Рӯдакӣ ба шаҳри Ваҳдат расид. Мақсади аксияи мазкур тарғибу ташвиқи Иҷлосияи ХXI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар ташкили давлатдории миллӣ, хизматҳои таърихиву арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамалкат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани эҳсоси худогоҳиву ҳуввияти миллии насли наврас мебошад.

КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат ба ин муносибат омодагии пурра дида буд. Баробари ба майдони истиқбол наздик шудани меҳмонон аз КИМ ҲХДТ – роҳбари Маркази матбуот ва таҳлилӣ Илҳомҷон Ҳамидиён, муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Маҳмадшариф Бобошоҳзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ Ҳамзаалӣ Юсупов ва дигарон садои суруду мусиқӣ танинандоз гардид.

Ҳайати расмии пешвозгирандагон - раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода бо ҳамроҳии муовинонаш, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Ислом Ҳайдарзода бо кормандони масъули кумитаи иҷроия ҳозиринро хайрамақдам гуфтанд.

Ҳайати меҳмонон “Албом-Эстафета”-ро таҳти савту наво ба раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода ва раиси кумиҷроияи ҳизб Ислом Ҳайдарзода ботантана супориданд.

Ин шукуҳу тантана бори дигар исбот намуд, ки сокинони шаҳри Ваҳдат дар роҳи ягонагию мутаҳидӣ ва якпорчагии кишвару миллат аз пешсафон ба шумор мераванд. Пас аз лаҳзае ҳолпурсию суҳбат корвони “Албом-Эстафета”-и ноҳияи Рӯдакӣ бо корвони шаҳри Ваҳдат ҳамроҳ гардида, барои идомаи аксия сӯйи маркази шаҳр равон гардид.

Дар идома ҳайати меҳмонон бо рафти сохтмони бинои нави маъмурии КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат шинос шуданд. Ҳайатро раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода, муовинон ва раиси кумитаи иҷроияи ҳизб Ислом Ҳайдарзода роҳбаладӣ намуданд. Бояд қайд кард, ки бино аз таҳхона ва чор ошёна иборат буда, сохтмони он аз баҳори соли 2021 шуруъ гардид. Имрӯз дар он корҳои охирин анҷом меёбанд. Иттилоъ дода шуд, ки баъди ба истифода додани бино шароити кории кормандони ҳизб беҳтар мегардад. Бинои нави маъмурӣ аз китобхона, бойгонӣ, ҳафт ҳуҷраи корӣ, қабулгоҳи ҷамъиятӣ, толори маҷлису ҷойи либосмонӣ, лифт ва дигар воситаҳои хизматрасонӣ иборат аст

Ҳайати меҳмонон биноро тамошо карда, ба тарзи ороиш ва ҳуҷраҳою толори барҳавои он баҳои баланд доданд.

Пас аз боздиди рафти сохтмони бинои ҳизб меҳмонон ба варзишгоҳ ворид шуда, шоҳиди истиқболи гарму пуршукӯҳ ва тантанаи варзишгарони шаҳри Ваҳдат шуданд. Ба ин хотир даромадгоҳи варзишгоҳ бо парчамҳои давлатию шиору овезаҳо идона оро ёфта, беш аз 500 нафар варзишгарон бо либосҳои тозаю шинами варзишӣ ва дастовардҳои худ меҳмононро истиқбол гирифтанд.

Собиқадори варзиш, мураббии шоистаи кишвар, чемпиони чандин муҳорибаҳои гӯштини дзюдо Маннон Солиев ба меҳмонон чандин варзишгарони намоёни шаҳр, голибони мусобиқаҳои варзишии гӯштин, дзюдо, вазнбардорӣ ва муҳорибаҳои омехта дар миқёси ҷаҳон, Аврупо ва Осиё ва ғолибони дигар намудҳои варзишро муаррифӣ карда, ҷомҳою ҷоизаҳои варзишгаронро намоиш дод. Сипас, меҳмонон бо шароиту рафти тамрину машқи вазнбардорон, таэквандочиён, гӯштингирон, шашкаю шоҳмотбозон, валейболбозону футболбозон ва дигар намудҳои варзиш шинос шуданд.

Рафти машқу тамрин, ҷоизаҳои соҳибгардида ва истиқболи пуршукӯҳи варзишгарон ба меҳмонон писанд омад.

Дар идомаи аксия ҳозирин дар саҳни Кохи маърифат намоишгоҳи ба ин муносибат омоданамудаи ҳунармандон – дӯзандагону бофандагон ва ҳунарҳои дастии маҳфили маркази эҷодии кӯдакону наврасонро бозавқ тамошо карданд. Дар долони кох бо ҳунари рассомони навраси мактаби бачагонаи рассомӣ ва намоишгоҳи омодакардаи китобхонаи марказӣ бахшида ба 30-солагии истиқлол баҳои баланд дода шуд.

Дар толори мачлисгоҳ ҷамъомади тантанавӣ бо садо додани Суруди миллӣ шуруъ гардид. Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Ислом Ҳайдарзода мақсади ҷамъомадро эълон намуда, аҳли нишастро ба ин анҷумани бошукӯҳ хайрамақдам гуфт.

Раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода низ меҳмононро хуш омадед гуфта, дар бораи нақши Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ва саҳми Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон андешаҳояшро баён намуд.

Сипас, иштирокчиёни Иҷлосияи тақдирсоз Исматулло Ҳафизов ва Муродалӣ Маҳмадалиев хотираҳояшон дар бораи рӯзҳои мудҳише, ки ичлосия баргузор гардид, ба аҳли нишаст нақл карда, даъват намуданд, ки шукронаи ин тинҷию амният ва хизматҳои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмонро бояд кард.

Роҳбари Маркази матбуот ва таҳлили Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён дар бораи иқдоми ватандӯстонаи КИМ ҲХДТ оид ба ташкили аксияи “Албом-Эстафета”, мақсаду мароми он, нақши таърихии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, саҳми мондагори вакилони иҷлосия дар интихоби Сарвари давлат ва дастовардҳои даврони Истиқлол ибрози назар намуд, ки аҳли нишаст аз он як ҷаҳон маънӣ бардоштанд.

Дар анҷоми қисмати тантанавии аксияи “Албом-Эстафета” раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода ва раиси кумитаи иҷроияи ҳизб Ислом Ҳайдарзода ба иштирокчиёни Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон И. Ҳафизов ва М. Маҳмадалиев туҳфаҳои хотиравии ҳизбро супориданд.