МАВЛОНО - ШАХСИЯТИ МИЛЛИВУ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

2022-09-30

«Агар аз имрӯз аз Каҳкашони дурдаст ба мо тамос бигиранд ва фавран бихоҳанд, ки барои муаррифии шахсияти миллии мо ду асар барояшон бифиристем, гумон дорам, онҳо “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоност».

Эмомалӣ Раҳмон

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ аз зумраи он донишмандону файласуфон ва мутафаккироне маҳсуб мегардад, ки дар эҷодиёти гаронмояи худ мақому манзалати инсонро ҷойгоҳи боло додааст. Инсон барои Мавлоно беҳтарин офарида ва муъҷизаест, ки арзиши баланд дорад ва ҳама чиз дар олам барои ин арзиши олӣ - инсон мебошад.

З-ин рӯ Мавлоно дар эҷодиёташ беҳтарин арзишҳои ахлоқиро амсоли дӯстӣ, эҳтиром, муҳаббат, садоқат, ҳамдилӣ, накӯӣ, таҳаммул, хирад, ҳақиқат ва ростӣ ситоиш намуда, бобати расидан ба мартабаи инсони комил, камоли маърифат ва маънавӣ, шахсияти худогоҳу худшинос ва накӯкор андешаву каломи гуҳарбор гуфтааст. На танҳо гуфтааст, балки инсонро барои расидан ба ин мақоми боло, ки аслан ҷойгоҳи хоси инсон мебошад, таъкид ва ҳидояту роҳнамоӣ мекунад.

Осори безаволи Мавлоно “Маснавии маънавӣ”, ки аз шоҳкориҳои беназири инсоният барои ҳама давру замонҳо мебошад, далели ин гуфтаҳост. Афкору андешаи бунёдӣ ва ҳикмати инсондӯстонаи ин мутафаккири барҷастаи миллати тоҷик барои тамоми инсонҳои сайёраи Замин писанду раҳнамост. Фарҳангии инсондӯстии Мавлоно фаротар аз ҳама динҳост ва одамро болотар аз ҳамаи инҳо мегузорад.

Мавлои Балх бо сухани гарму нарми худ, осори гаронмояву фалсафаи инсондӯстонааш шахсияти милливу байналмилалӣ мебошад ва эътирофи хоса ҳам дорад. Мавлавии Румӣ бо дилангезтарин шеваи баён ва андешаҳои дилпазир қатъи назар аз дину мазҳаб, миллату нажод, рангу пуст, сулолаву табақаи одамон ва амсоли ин барои расидан ба мақоми инсони комил насиҳатҳо ва андешаҳои гавҳарогини худро барои ҳамеша ва мондагор будан ба мерос гузоштааст.

Мавлоно баён мекунад: “Аз деву дад малуламу инсонам орзуст...” Андешаҳои арзишманди ин марди корзори хирад инсонро ҳидоят мекунад, ки ба маънои том ба камоли маънавию маърифат ва ахлоқи воло ба ҳам пайваста бошанд ва дар созандагию бунёдкориҳо борафоқат садоқатмандона дар накӯкорӣ паҳлуи ҳам бошанд. Ҳастии худро холӣ аз қаҳру ғазаб, кинаву адоват, ҳасад ва ҳама гуна бадиҳо мусаффо нигоҳ дошта, бар пояи дӯстиву муҳаббат ва хушдилию қадрдонӣ устувор бошанд. Ҳамдигарро эҳтиром гузоранд.

Мавлоно таъкид менамояд:

Биё то қадри якдигар бидонем,

Ки то ногаҳ зи ҳамдигар намонем.

Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмиро миёни инсонҳо осоиш ва суботи ҷомеаву давлат медонад. Расидан ба камоли мавънавӣ, ахлоқу маърифат, худшиносию хирадмандӣ, пиндори накӯ ва ба ин васила садоқат доштан ба ҳамдигар омили рушди ҷомеаи маънавӣ, давлатдории миллӣ ва ҳамгироии мусбат миёни давлатҳо мебошад. Мавлоно фаротар аз забону миллат ва дину мазҳабҳо таъкид мекунад, ки: Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.

Ҳамин гуна арзишҳои неки умумибашарӣ ва ҳидояту роҳнамоиҳои Мавлоно барои саодати инсон дар рӯйи олам мебошад. Осори ҷовидонаи Мавлоно ба забонҳои гуногуни олам нашр гардида, барои башарият раҳнмо мебошад. Ин аст, ки шоҳасари нодири Мавлонои Балх дар Амрико китоби сол эълон гардида буд ва серхаридортарин китоб дар Лондон мақом дорад.

Афкори гаронмоя ва осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ сароғози муколамаи мусолиҳатомези дину мазҳабҳо барои расидан ба шахсият ё инсони комил маҳсуб мегардад.

Ба ифтихори Мавлоно, гиромидошти ин озодамарди хирадманд ва осору эҷодиёти ӯ дар созмонҳои гуногуни бонуфуз мисли дафтари ЮНЕСКО ва кишварҳои дигари олам конфронсу ҳамоишҳои илмӣ, тадқиқотӣ баргузор карда мешавад. Пажуҳишгарони ин риштаи илм ғарқи андеҳои ҷолиби Мавлоно гардида, пажуҳиш доранд.

Дар ҷаҳони имрӯз, ки бархурди фарҳангу тамаддунҳост, ё дар раванди гуфтугӯи тамаддунҳо ба лиҳози фарҳангу тамаддун, иҷтимоъ ва иқтисод низ истифода аз андешаҳои ин абармарди илму хирад ба манфиати кор аст.

Хулоса, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ шахсияти милливу байналмилалиест, ки ифтихору обрӯйи миллати тоҷик ва тоҷикони олам аст.

Муҳаммад ВАЛИЗОДА,

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фархор