«Албом-эстафета» ба ноҳияи Рӯдакӣ расид

2022-09-29

Дар доираи баргузории аксияи «Албом-Эстафета» ҳизбиёни ноҳияи Рӯдакӣ меҳмонон-кормандон ва аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринавро қабул карданд.

Дар даромадгоҳи маркази ноҳия-шаҳраки Сомониён ҳайати расмӣ бо сарварии муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Бобошоҳзода Муҳаммадшариф ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ, Юсуфзода Ҳамзаалӣ меҳмононро пешвоз гирифтанд.

Сипас, меҳмонон ва иштирокчиёни аксияи «Албом-Эстафета» аз сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ дидан карда, баъдан ҳизбиёни ноҳия дар майдони марказии ноҳия, дар пояи пайкараи сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик, устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав «Албом-Эстафета»-ро қабул карданд.

Дар доираи чорабиниҳои расмиву тантанавӣ ба муносибати қабули «Албом-Эстафета» бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат», муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Бобошоҳзода М. ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ Юсуфзода Ҳ. ба сухан баромада, сараввал меҳмонони олиқадрро ба диёри мардумони сарбаланд-ноҳияи Рӯдакӣ хайрамақдам гуфтанд ва зимни баромадҳо аз заҳмату талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истиқрори сулҳу субот, ваҳдату ягонагии тамоми сокинони кишвар ва бунёди давлати воқеъан ҳам соҳибистиқлолу дунявӣ ёдовар гаштанд.

Дар анҷоми маҷлиси тантанавӣ ба муносибати қабули «Албом-Эстафета» бошад, ба як қатор ҷавонон, ки иродаи хешро ҷиҳати аъзои ҲХДТ шудан, изҳор дошта буданд, дар фазои мутантану идона шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуда, меҳмонону иштирокчиёни аксияи «Албом-Эстафета» аз намоиши китобу рисолаҳои илмӣ вобаста ба Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва осорхонаи таърихиву кишваршиносии ноҳия дидан карданд.

Бояд зикр дошт, ки чорабиниҳо дар доираи аксияи «Албом-Эстафета» таҳти унвони «30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат» дар ноҳияи Рӯдакӣ аз ҳамин рӯз оғоз гашта, тибқи нақшаи тасдиқгардида то 3-юми ноябри соли равон амалӣ карда мешаванд.