Иқдоми шоистаи ҲХДТ

2022-09-26

Чандест, ки бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд аксияи умумиҷумҳуриявии Албом-эстафета таҳти унвони «30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат» доир гардида истодааст ва ин мазҳари самимият айни замон ба шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ қарор дорад ва дар тамоми гӯшаву канори мамлакат ҳаракат хоҳад кард.

Пеш гирифтани ин иқдом бори дигар исбот намуд, ки сокинони Тоҷикистони азиз муттаҳид, сарҷамъ мебошанд ва ба арзишҳои милливу давлатии хеш саҳм мегузоранд.

Бешубҳа, ҳаёти осудаи имрӯзаи мо аз Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри Арбоб шуруъ шуд. Вазъияти солҳои 1991-1992 набояд аз хотири халқ фаромӯш шавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузоштани пояҳои сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар заминаи асосӣ ба миён овард».

Дар ҳақиқат, баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб барои хатми ҷанги шаҳрвандӣ замина фароҳам овард ва дар пайи он ақлу хирад алайҳи ҷанги ҷаҳолат ғолиб гашта, суботи комил ба даст омад ва имсол мардуми кишвари мо 30-солагии онро ботантана чун иди умумии миллат таҷлил мекунем. Ин иҷлосия дар ҳақиқат, таърихӣ тақдирсоз ба ҳисоб меравад.

Ба гуфти таърихшиносони мо муҳимтарин дастовардҳои иҷлосияи мазкур ба сифати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Имрӯз мо шукр мекунем, ки Шӯрои Олӣ он замон дар интихоби худ хато накард. Барои вакилони онвақтаи Маҷлиси Олӣ шахсият, ақидаву ҷаҳонбинии вакили мардумӣ Эмомалӣ Раҳмонов равшан буд: аз соли 1990 то баргузории Иҷлосияи таърихӣ — ноябри 1992 Эмомалӣ Раҳмон дар баррасии масъалаҳои муҳимми барномавӣ ҳатман баромад мекард, вале дар суханронӣ хеле ботамкин буд, ба эҳсос дода намешуд, дархосту андешаҳояшро дақиқан дар тарозуи хираду адолат баркашида, пешниҳод менамуд ва пешниҳодоти ӯ барои осудагию тинҷӣ ва некӯаҳволии кулли сокинони ҷумҳурӣ равона шуда, аз ҷониби аксарият пазируфта мешуданд. Бинобар ин, барои вакилони Маҷлиси Олӣ Эмомалӣ Раҳмон чеҳраи ошно буд. Пас аз баромади нахустини муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дигарон ҳам ба ӯ бовар карданд. Сухани аввалинашон ин буд: «То як гуреза берун аз Ватан аст, ман хотирҷамъ намешавам. Ман ба Тоҷикистон сулҳ меорам!»

Шукр мекунем, ки аз пайи Истиқлол ва сулҳу ваҳдат зина ба зина сатҳи зиндагии мардум хеле пеш рафт. Тақсими ҳазорҳо гектар замин, имтиёзҳои зиёд барои кишоварзӣ, саноат, соҳибкорӣ, қарзҳои имтиёзнок боиси рушди баланд шуд. Асоси муваффақият истифодаи самараноки замин ва даромаднокии он, техникаву технологияи замонавӣ мебошад. Дар ин хусус ҳукумат барномаҳои рушди ҳама соҳаҳои истеҳсолиро қабул кардааст.

Боиси ифтихор аст, ки таҷрибаи давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун мактаби сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ ин таҷрибаро омӯхту омӯзонид.

Муҳаммад Ниёззода,

Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол