ҲХДТ: ТАРБИЯИ ҲАРБӢ-ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН ДАР АМАЛ

2022-09-26

Бо мақсади татбиқи амалии нишондодҳои оинномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва барномаҳои ҳизбӣ ҷиҳати тақвият бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар самти тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон фармоиши муовини якуми Раиси ҳизб Абдуҷаббор Азизӣ аз 22 сентябри соли ҷорӣ таҳти рақами 105 ба имзо расид.

Тибқи фармоиши мазкур, нақшаи чорабиниҳо дар самти тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ҷиҳати иҷроияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардида, Дастгоҳи КИМ ҲХД ва КИ ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо уҳдор мегарданд, ки бо мақсади амалӣ намудани нақшаи мазкур тадбирҳои зарурӣ ва муассир андешанд.

Нақшаи чорабиниҳои муштарак аз 40 банд иборат буда,  андешидани заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти ташаккули фарҳанги сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва густариши худшиносии миллии ҷавонон, фароҳам овардани шароит барои боз ҳам бештар ҷалб кардани ҷавонон ба равандҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва маърифати байналмилалӣ, пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, хусусан, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ-терроризм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи муҳаддир, силоҳ, инчунин ба роҳ мондани шаклу усулҳои муосири муқовимат ба дигар хатару таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ, инчунин андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати зиёд намудани таваҷҷуҳи ҷавонон ба илмомӯзӣ, ихтироъкорӣ, навоварӣ ва бунёд кардани марказҳои инкишофи зеҳнии наврасону ҷавононро фаро мегирад.

Яке аз ҳадафҳои асосии нақшаи мазкур ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешбарӣ намудани ҷавононе, ки ба Ватан ва халқу миллат содиқона хизмат менамоянд.

КИ ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро мебояд ҷиҳати ташкил ва баргузор кардани суҳбату вохӯриҳо бо иштироки собиқадорони ҷангу меҳнат, шахсони баруманди кишвар барои ташаккули эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ ва садоқат ба Ватан ва пешгирӣ намудани ҳамагуна омилҳои номатлуби иҷтимоӣ миёни афсарон, сабозон ва ҷавонон чораҳои дақиқ андешанд.

Расонидани кӯмакҳои доимии иҷтимоӣ ба оилаҳои афсарон ва сарбозоне, ки барои муҳофизати Ватан ҳалок ва ё маъюб гардидаанд ва боздиди волидайн аз шароити хизмати сарбозон, мулоқотҳои судманд оид ба моҳияти хизмати ҳарбӣ ва ташкили барномаҳои фарҳангию варзишӣ аз авлавиятҳои нақшаи мазкур дониста мешаванд.

Таъсиси гурӯҳҳои тарғиботӣ бо мақсади расонидани муҳтавои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ба ҷомеа ва баргузор намудани аксияҳо ва мизҳои мудаввари ҷумҳуриявӣ бо иштироки ҷавонони синну соли даъватӣ аз вазифаҳои умдаи КИ ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дониста мешавад.

Дар доираи нақшаи мазкур гузаронидани фестивалҳо, форумҳо, конференсияҳо, мусобиқаҳои ҳарбӣ – варзишӣ, маҳфили шеъру суруд, озмунҳо, рӯзи дарҳои кушод бо ширкати хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯён дар муассисаҳои ҳарбӣ ва қисмҳои ҳарбии кишвар, таҳия ва нашри китобу буклетҳои тарғиботӣ, ҷаласаҳои сайёр ва дигар чорабиниҳои оммавӣ дар назар дошта мешавад.

ҲХДТ минбаъд низ нерӯи зеҳниву ташкилотчигии ҷавононро дар корҳои созандаи илмиву эҷодӣ ва роҳбарӣ сафарбар карда, ҷиҳати ба роҳ мондани таблиғи ғояҳои ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, таҳаммулпазирӣ, аз худ кардани ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, таҳкими ваҳдат ва суботи ҷомеа талош хоҳад варзид.