Рӯнамоии антологияи "Адибони дунё дар васфи Тоҷикистон"

2022-09-26

Дар толори маҷлисгоҳи Институти «Мероси осори хаттӣ”-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯнамоии антологияи «Адибони дунё дар васфи Тоҷикистон», ки муаллифи ғоя ва мураттиби он Абдуқаҳҳори Қосим буда, бо дастгирии  моддию маънавии Муовини якуми ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор таҳия ва рӯи чоп омадааст, баргузор гардид.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ шуруъ гардида, гуфта шуд, ки таҳия ва нашри китоби мазкур саривақтӣ буда, дар баланд бардоштани ҳуввияти миллии сокинони ҷумҳурӣ ва тоҷикони рӯйи дунё саҳми бориз мегузорад. 

Сипас, роҳбари дастгоҳи КИМ ҲХДТ Абдураҳмон Хонов рафти маҷлисро пешбарӣ намуда, оид ба муҳтаво ва аҳаммияти антологияи мазкур, ки 408 саҳифаро дарбар гирифта, осори назмиву насрӣ, мақолаҳои илмию оммавӣ ва хотироти 70 нафар муаллиф, аз ҷумла се нафар аз Тоҷикистон ва аз кишварҳои гуногунро ғунҷоиш додааст, ақидаронӣ намуд.

Боиси тазаккур аст, ки дар китоб чакидаҳои хомаи адибон аз мамолике ба монанди Эрон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Курдистон, Амрико, Олмон, Колумбия, Непал, Лаҳистон, Чин, Мексика, Канада, Покистон, Дания, Эквадор, Нигерия, Индонезия, Юнон, Панама, Ҳиндустон, Испания, Сербия, Бангладеш, Бразилия, Туркия, Беларус, Молдова ва ғ. дар васфи Тоҷикистон, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ  бо забони асл ва дар тарҷума бо забони тоҷикӣ  ҷой дода шудаанд.

Дар идомаи рӯнамоӣ иштирокдорон, аз ҷумла Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, мунаққиди варзидаи ҷумҳурӣ Мубашшир Акбарзод, мудири кафедраи фалсафаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Ғаффор Мирзоев, директори нашриёти “Ирфон”, номзади илмҳои педагогӣ Ғуломзода Қурбон, шоир Ибодуллоҳи Солеҳ ва дигарон андешаҳои худро бобати таҳия ва нашри китоби “Адибони дунё дар васфи Тоҷикистон» ироа намуданд.

Дар охир муаллифи ғоя ва мураттиби антология (маҷмӯа) ҳамоҳангсози миллии “Ҳаракати ҷаҳонии шеър-Дунёи бедевор”, узви фаъоли ҲХДТ Абдуқаҳҳори Қосим ба сухан баромада, ҷиҳати иштирок ба якояки ҳозирин арзи сипос намуда, иброз дошт, ки таҳияи китоб маҳз аз ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаҳои ҲХДТ сарчашма гирифтааст ва ӯ танҳо рисолати ватандорӣ ва ҳизбии худро иҷро намудааст.