Марзи ватан, марзи нанг аст

2022-09-23

Марзи Ватан марзи номус аст ва ин сарзамин мулки мардони диловар мебошад. Ин миллат ҷон медиҳад, аммо хок намедиҳад. Ҳар яке агар аз таърих бохабар бошад, инро хуб медонад. Таърих собит намуда, ки тоҷик ҳеҷ гаҳ барои ғасб лашкар накашида, аммо дар дифои Ватан ҳатто раҳм бар ҷони хеш надорад. Воқеияти ин гуфтаҳо шаҳидони марзи кишваранд, ки дар ҳифзи Ватан бар зидди нохалафони Ҷумҳурии ҳамсояи Қирғизистон сина сипар намуданд.

Миллати тоҷик дорои фарҳанги волои ҳамсоядорӣ аст ва ҳаққу ҳуқуқи ҳамсояро хуб медонад ва нисбати ҳамсоягон эҳтироми хос дорад. Таърихи собит намуда, ки ин миллат аз азал миллати таҳаммулгар аст. Аммо дар баробари ин ҳама агар аз ҳамсояе ба ҷойи садоқату самимият хиёнат медидаӣ, басо сангин будааст. Инҷо миллат ва халқи қирғизро гунаҳкор карданӣ нестем, аммо бояд фирефтаи душманон нагашта, дӯсту душманро шиносанд.

Ростӣ муносибатҳои тундгароёнаи нохалафоне аз ҷониби кишвари ҳамсояи Қирғизистон ҳар як тоҷику тоҷикистониро бетараф намегзорад. Чунин муносибат барои як кишваре, ки дӯсту бародараш медонем, ҳеҷ зебанда нест. Роҳбарияти ин кишвар ва масъулони вазорату кумитаҳои масъулаш бояд пеши роҳи ин ҳама бедодгариҳоро гиранд, зеро ин гуна муносибат ҳеҷ гаҳ паёмади хуш надорад. Бояд на танҳо ин носипосон, балки дунё дониста бошад, ки дар ин марзи давлат, ки номаш Тоҷикистон аст, на ҳар нохалаф имкони пойгузорӣ, балки имкони назар нахоҳад ёфт.

Ҳар зарра хоки Ватан, хоки аҷдодони мост. Ҳар ки бо ғаразе ворид ин кишвар шавад, пушаймонияш суде нахоҳад дошт.  Дар ҳама сурат Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори сулҳу салоҳ аст ва тақвияти робитаҳои дӯстӣ бо ҳамсоякишварҳост. Дар шароити ҳассос мебояд ҳар нафар аз ақл кор бигирад ва ба эҳсосот дода нашавад.

Маҳмадалӣ Акрамов, аъзо фаъоли

КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон