Пештозиҳои бебунёди қирғиз

2022-09-23

Ватандорӣ дар ҳар давру замон ва дар ҳар айём муҳимтарин мавзуъ буд, зеро ватандорӣ - ояндадорӣ, фардои неки наслҳо аст. Имрӯз низ дар асри нав, ки онро асри кайҳон, илму техника, асри технологияи ҷадид ном мебаранд, ватандорӣ ҳамоно мавзуи рӯз аст ва зиёда аз он, дар ин даврони бозиҳои геополитикии давлатҳои абарқудрати ҷаҳон, ватандорӣ беш аз пеш муҳим ва арзандатарин арзиш аст.

Дар ин рӯзҳое, ки дар сарҳади давлати тоҷикон бо давлатҳамсояи қирғиз нофаҳмиҳои чандинсола хуруҷ доранд, маро аз он ифтихор аст, ки ҷавонмардони тоҷик, уқобони баландпарвози Помир, фарзандони баору номуси модари хатлонӣ, ҷавонмардони Суғди хушлатофат, нерумандону диловарони Раштон, ҳисориёну дигар фарзандони модари тоҷик аз як гиребон сар бароварда, дар ҳифозати ватани аҷдодӣ - мероси ниёгон омодагиро изҳор медоранд.

Алҳол дар саросари кишвар як нидо мерасад: “Баҳри дифои Ватан ҷон фидо мекунем!” Ин ҳарфҳо бозгӯ аз шарофату шаҳомату саодати миллат аст. Ин нишон аз ҷавонмардию шуҷоату далерии фарзандони диёр аст.

Имрӯз ҳар як ҷавон азми ҳифозати ҳар як ваҷаб хоки муқаддасу арҷманди ватанро дорад. Аҳсан, бародарон!

Ҳамлаи ноҷавонмардонаи қирғизҳо ба сарҳади давлати мо, пешниҳоди иттилои бардурӯғу иғвоангезе, ки аз ҷониби Қирғизистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида истодаанд, аз бехирадӣ, беинсофӣ, аҳдшиканӣ ва сиёҳдилиашон дарак медиҳад. Ҷониби Қирғизистон тавассути шабакаҳои интернетӣ дар идомаи муноқиша Ҷумҳурии Тоҷикистонро гунаҳкор карданӣ мешавад, ки асоси воқеӣ надорад. Онҳо бо роҳи иғво дар расонаҳои қирғизӣ хабари истифода шудани ҷангиёни ришдорро бо либоси сиёҳпӯши бенишон паҳн кардаанд, ки аз ҳақиқат дур аст. Маҳз аз тарафи низомиёни қирғиз воҳидҳои таъиноти махсус истифода шудаанд, ки далели собитгардида мебошад.

Дар ин лаҳзаҳои ҳассос бо итминон иброз медорем, ки пештозиҳои ғамсояи қирғиз бебунёду бепоя буда, ҳаргиз ҳадафрас нахоҳад шуд. Ватандӯстони асилу меҳанпарварони мо аллакай дар постгоҳҳои ҳамсоякишвар пирӯзӣ ба даст овардаву парчами давлатиамонро парафшон. Ватан бо чунин шуҷоатмандону далерону нотарсонаш ифтихор мекунад ва ин сарзамин бо чунин миллатмеҳварон поянда хоҳад монд.

Шараф ба ҳар ватандоре, ки имрӯз алайҳи ҷангҷӯён дар марз талош меварзад.

Парвина Абдуллоева,

аъзои ҲХДТ аз шаҳри Конибодом