ДАР ПЕШГИРӢ АЗ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ ҲАМКОРИИ ДАСТАҶАМЪОНА МЕБОЯД

2022-09-22

Имрӯз дар маркази вилоят, шаҳри Бохтар мизи мудаввар дар мавзӯи “Пешгирии падидаҳои номатлуб дар байни занон ва ҷавонон, аз қабили ҷинояткорӣ, шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ” доир гардид.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ташкил карда шуда, дар он масъулони Раёсату шуъбаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷомеашиносону коршиносони масоили иҷтимоӣ ва собиқадорону фаъолзанони вилояти Хатлон иштирок доштанд.

Дар Миззи мудаввар масоили “Нақши бонувон дар пешгирӣ аз ҳодисаҳои ҷинояткорӣ, аз ҷумла, шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва сабабҳои сӯиқасд ба ҷони худ”, “Нақши занон дар ҷомеаи муосир ва пешгирӣ аз падидаҳои номатлуб”, “Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни занону ҷавонон”, “Зан ва Истиқлолият” матраҳ гардид.

Тавре, ки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён Абдусалимзода зимни суханронии хеш изҳор дошт, имрӯз вақти он омадааст, ки бо ҷалби фаъолону мутахассисони варзида ва масъулони соҳаҳои марбута, ки дар ин самт миёни ҷомеа фаъолият доранд, чорабиниҳои фаҳмондадиҳиро миёни занону ҷавонон густариш диҳем.

- Пӯшида нест, ки баҳри пешгирӣ аз падидаҳои номатлуб миёни ҷомеа танҳо чорабиниҳои ба роҳ мондаи масъулони бахши кор бо занон ва дигар сохторҳои марбута кифоя намекунад. Зеро, дар вилояти Хатлон зиёда аз 1 ҳазору 500 деҳа мавҷуд аст, ки барои ташкили суҳбату вохӯриҳои рӯ ба рӯ бо сокинони деҳоти мазкур моро мебояд, ки ҳамкориҳои дастаҷамъона дошта, барномаҳоеро рӯи кор биёварем, ки амалӣ шаванда бошанд. Аз ин рӯ, нақшаву барномаҳоеро, ки қонеъкунанда нестанд, аз нав такмил бояд дод ва ё бо таҳияи барномаҳои ҷадид фаъолияти худро дар самти пешгирӣ аз падидаҳои номатлуб миёни бонувону ҷавонон ҷоннок намоем.

Дар Миззи мудаввар ҳамчунин Саодат Амиршоева, Солеҳамоҳ Қосимова, Тутиннисо Назарова ва дигар фаъолзанони касбу кори гуногун баромад намуда, оид ба вазъи ҷинояткорӣ миёни бонувон, пешгирӣ аз шомилшавии занону духтарон ва ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, сӯиқасд ба ҷони хеш ва дигар падидаҳои номатлуб ибрози андеша намуданд. Дар рафта муҳокимарониҳо иштирокчиён ҷиҳати саҳми бештар гузоштан дар ҳаллу фасли мушкилиҳои мавҷуда фикру андешащои худро иброз намуданд.

Ёдовар мешавем, ки мизи мудаввар бо барномаи композитсияи адабии хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар ва қадрдонии иштирокчиён ба анҷом расид.

“Ҳамрози халқ”