Имрӯз касе бурд мекунад, ки дар даст иттилоъ дорад

2022-09-22

Таърих гувоҳ аст, ки мардуми тоҷик тӯли мавҷудияти худ ба сари ягон халқият ва ё миллате лашкар накашидааст. Мо миллати бофарҳангу сулҳофарем. Оқибати ҳамлаҳои аҳдшиканонаи қирғиз боиси ҳалокати марзбонони тоҷик ва мардуми осоиштаи мо гардид.

Аммо, бо ин ҳама паймоншиканӣ мардуми қирғиз боз дар расонаҳои хабарӣ моро айбор мекунанд, ки ба давлати онҳо ҳуҷум кардем. Вақте сухан дар бораи ҷанги иттилоотӣ меравад, фаромӯш набояд кард, ки вай барои инсон нерӯи харобкунанда аст. Дар шароити имрӯзаи ҷанги иттилоотӣ, ки дар як вақт ҳам хабари воқеӣ ва ҳам хабари дурӯғ аз ҷониби ВАО паҳн мешавад, амнияти ҷомеа зери хатар мемонад. Ҷониби Қирғизистон маълумоти дурӯғро дар ҷанги иттилоотӣ бо мақсадҳои гуногун паҳн карда истодааст. Ҳадафи иттилои дурӯғ фиребгарӣ ва тахрибкорӣ аст. Маълумоти дурӯғ чунон устокорона истифода мешавад, ки ба ҳақиқат будани вай шубҳа намемонад.

“Дурӯғе, ки миёни 24 соат дурӯғ буданаш исбот намегардад ва ба хабари рост табдил меёбад”. Аз ин рӯ, мо миллати тоҷик бояд ҳушёр бошему ба ҳар як хабари дурӯғини душман вокуниш нишон диҳем. Ротшилд инчунин гуфтааст: «Касе, ки иттилоот дорад, вай дунёро идора мекунад». Тамоми донишу малакаи худро истифода бурда бо фактҳо исбот кунем, ки гунаҳкори асоси онҳо ҳастанд..

Мо, ҷавононро мебояд мутаҳҳид бошему аз рӯи тафаккури худ амал кунем. Ҳоло вақти он расидааст, ки аз давлати хеш ҳимоят кунем ва исбот намоем, ки мо ҷангҷӯ нестем. Бовар дорам, ки ҳамла ба масҷиду мактаб, қатлу куштори кӯдакони бегуноҳ беҷавоб намемонад. Шаҳидони Ватан барои ҳимояи мо ҷон бохтанд. Онҳо ҷон бохтанд, то мо дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ кунем.

Бовар дорем, ки тариқи музокироти тарафайн дигар чунин воқеаҳои мудҳиш ба вуқӯъ нахоҳанд пайваст. Мо пайравони Пешвои миллат аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар ҷонибдорӣ мекунем. Бо Пешвои раиятпарвапари худ ифтихор дорем ва тарафдори сулҳу субот, осоиштагии мардум ҳастем.

Мадина Зоидова,“Сухани халқ”