Хотираи шаҳидонро пос медорем

2022-09-22

Пос доштани хотираи ҷавонмардоне, ки барои ҳифзи марзу буми кишвар аз ғосибону иғвогарон ҷон нисор кардаанд, аз рисолати инсонию имонии ҳар нафари ватандӯст маҳсуб мешавад. Ин маъниро Пешвои миллат, раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд.

Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои арзи тасаллият ва ҳамдардӣ ба хонаи афсароне, ки дар муноқишаҳо дар марз бо Ҷумҳурии Қирғизистон барои ҳифзи кишвар қаҳрамонона ҷон бохтанд, аёдат намуданд.

Дар дидор бо падарон ва наздикони афсарони шаҳид мавсуф аз номи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори тасаллият намуда, қайд гардид, ки хотираи ин родмардони далер, афсарони дар роҳи ҳимояи Ватан дар ёди мо ҳамеша боқӣ хоҳад монд ва онҳо намунаи олии ҷавонмардию ҷасорат ва садоқат дониста мешаванд.

Гуфтан ба маврид аст, ки аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар хати сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар натиҷаи ҳамлаи хиёнаткоронаи кишвари ҳамсоя 3 нафар фарзандони ин диёр - Пиров Муҳаммадҷон, сокини ҷамоати деҳоти «Иттифоқ»-и деҳаи «Правда», Тағоймуродзода Шуҳратҷони Ҳикматулло сокини деҳаи «Роҳи Сотсиализм»-м ҷамоати деҳоти «Калинин» ва Нуров Абдураҳим, сокини деҳаи «Н. Махсум»-и ҷамоати деҳоти «Яккатут» аз тири бераҳмона кушта шуданд.

Миралиён Қ. А. бо аҳли хонадони шаҳидон суҳбати самимӣ намуда, миннатдори худро барои тарбияи хубӣ ватанпарастии фарзандонашон изҳор намуд.