Ҳамлаи таҷовузкоронаи Қирғизистонро маҳкум мекунем

2022-09-21

Вақеаҳои наздисарҳадӣ бо кишвари ҳамсояи Қиргизистон мо – мардуми ноҳияи Нурободро хеле мушавваш гардонид. Миллати соҳибтамаддуни тоҷик яке аз миллатҳое аст, ки ҳанўз аз қадим соҳиби давлат ва девону дафтар буд. Бо мурури вақт ва марҳилаҳои таърих чандин маротиба марзу ҳудуди он тағйир ёфт.

Тоҷикон дар ҳеҷ давру замон аз рўйи кинаву адоват ба ягон марзу буми халқи дигар ҳуҷум накардааст. Дар ин даргириҳо сарбозону афсарон ва аҳолии осоишта - занону кўдакони бегуноҳ ҷон бохтаанд. Дар расонаҳои иҷтимоӣ ҷониби қиргиз тоҷиконро ба саршавии муноқиша гунаҳгор намуда истодаанд. Вале ба як чиз диққат бояд дод, ки ҷанҷол дар марзи Исфараву Боткент сар шуда бошад, пас чаро бесарнишинҳои ҳамсоя мардуми осоиштаи ҷамоатҳои Овчи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Гафуров, Шўрообоб, Сурх ва Чоркуҳро мавриди гулула ва ҳамла қарор додаанд? Барои чи ба дидбонгоҳи сарҳадии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш аз тамоми яроқу аслиҳа ҳуҷум карданд?

Дар суханрони дирўзаи президенти Қирғизистон, ки бардурўғ, туҳматзо, ботил, ғайриодилона ва шармовар буд, аз меъёрҳои байналмилалии дипломатӣ ва ахлоқи инсониву ҳусни ҳамҷаворӣ берун баромад. Ў барои ҷомеаи байналмилалӣ афсона хонду худ ба ин афсонааш бовар кард. Вақте ки мегўяд, мо оташбасро нақз накардаем ва аз ҳамлаи артиш маҷбур шудем беш аз 140 ҳазор аҳолиро ба макони амн кўчонем, аз ин нутқ бармеояд, ки дар қазияҳои марзи онҳо қаблан омодагӣ диданд. Тарафи қирғиз ба созишномаҳои имзошуда вафо накард. Тамоми равандҳои музокироти марзиро зери по намуда, бе ягон огоҳӣ ба маҳаллаҳо ва макони аҳолинишин, аз ҷумла масҷид, бозори чорво, хонаҳои истиқоматӣ ҳамлаҳои низомӣ ва ҳавоӣ кард.

Миллати тоҷик аз қадимулайём мардуми сулҳҷўй ва сулҳпарвар буданду ҳастанд. Мо намегузорем, ки ягон нохалафе барои ноором кардани тинҷиву амонии кишварамон мақсади нопоки худашҳро амалӣ созад.

“Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ” мегуянд. Ҷанг харобӣ дорад ва кинаю адоват меорад.

Аз ин рў, ягона илоҷ дар пешгирии сар задани алангаи низоъҳои минбаъда роҳи гуфтушунид ва муносибатҳои дипломатӣ аст. Мардуми тоҷик беҳтар аз ҳама медонад, ки сулҳу субот омили муҳим ва рӯйдоди таърихӣ буда, арзишмандтарин неъмати мост.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар ноҳияи Нуробод