“Илмпешагон” - ташкилоти нави ибтидоии ҲХДТ дар Институти биологии Помир ба номи академик Худоёр Юсуфбеков

2022-09-21

Дар Институти биологии Помир ба номи академик Худоёр Юсуфбеков маҷлиси муассисон бо иштироки Раиси КИ ҲХДТ дар ВМКБ Зунайда Раҷабова, Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Хоруғ Соҳибҷон Имомназаров, роҳбари муассиса Гулнора Хуҷамзода ва коллективи меҳнатӣ баргузор гардид.

Бо садо додани Суруди миллӣ аввалин маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии ҲХДТ оғоз ёфт. Гулнора Хуҷамзода ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуда, зикр дошт, ки 17 нафар кормандони институт бо хоҳиши худ барои пазируфтани узвияти ҲХДТ ариза пешниҳод намуданд. Вобаста ба масъалаи дигари рӯзнома “Оид ба таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар институти биологии Помир бо тариқи райъи аъзои ҲХДТ ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуд.

Тибқи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлиси муассисон - “Дар бораи номгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ” бо пешниҳод ва ҷонибдории ҳайати аъзо номи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Илмпешагон” номгузорӣ гардида, Гулнора Хуҷамзода раиси ташкилот интихоб шуд.

Зунайда Раҷабова вобаста ба амалӣ гардонидани ҳадафи Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, баланд бардоштани нуфузи ҲХДТ дар ҷомеа, танзими ҳаракати аъзои ҳизб, ба манфиат истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ, ки имрӯзҳо иттилоот ба қудрати муассир табдил ёфтааст, суханронӣ намуда, таъкид намуд, ки мо уҳдадорем фазои иттилоотии вилоятро бо маълумоти дурусту саҳеҳ пурра гардонем ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ – ин минбари бархӯрдҳои идеологӣ аз арзишҳои миллии худ дифоъ кунем.

Ормонҳои созандаи ҲХДТ-ро васеъ тарғиб намуда, дар самти иттиҳоду ҳамфикрӣ талош варзем, зеро ин амал, кафолати таъмини сулҳу субот, пешрафту тараққиёт ва минбаъд, вусъат пайдо намудани корҳои созандагӣ мебошад.

Дар охири маҷлис ба нафароне, ки ба сафи аъзои ҲХДТ шомил шуданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим шуд.