Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳиди Ватан

2022-09-21

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, раиси ноҳияи Вахш Юсупов Қурбоналӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Салимова Сабоҳат барои изҳори тасаллият ба хонаводаҳои сарбозони фавтидаи далерони Ватан рафтанд.

Бояд ёдовар шуд, ки муноқишаҳои марзии моҳи сентябри соли равон боиси марги сарбозон ва сокинони осоишта гардида, бори дигар моро ҳушдор медиҳад, ки дар ҳифзу марзу бум ва манфиати миллӣ ҳиссагузор бошем. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ниҳоди таблиғкунандаи идеяи созанда ва пуштибони шахсони эҳтиёҷманд ҳамеша дар сафи пеш қарор дорад.

Зимни аёдати хонаводаи сарбози шаҳид, роҳбарият зикр доштанд, ки амали ҷавонмардонаи фарзанди баору номус ва сипари боэътимоди Ватан баҳри насли ҷавон ва ояндагон дарси шуҷоату мардонагӣ буда, корнамоии қаҳрамононаи онон дар сафҳаи таърих бо ҳарфи заррин сабт хоҳад гардид.