Ворух аз они мо тоҷикон аст

2022-09-20

Ҳодисаҳои рӯзҳои охир дар марзи деҳаи Ворухи шаҳри Исфара бо Қирғизистон тамоми мардуми кишварро махсусан, мардуми Ворухро ба таҳлука андохт. Сабаби асосии сар задани ин нооромиҳо дар марзи ду кишвар таҳти сарпарастии баъзе аз афроди ифротгарои ду давлат мебошад. Мақсаду ҳадафи онҳо бо ҳар роҳу восита ноором гардонидани кишвари тинҷу осуда аст.

Бояд хотиррасон кард, ки мо тоҷикон ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидем, ки дар он ҷанги хонумонсӯз хонаҳо зери оташ монданду, занону кӯдакон бесаробон, садҳо ҳазорон гуреза гардиданд ва чандин нафарони бегуноҳ кушта шуданд, ки ин ҳама бо ҷурми ҳамин гуна афроди манфиатҷӯву ифротгаро ба амал омада буд. Аз ҳамин хотир мо дубора оташи ин гуна ҷанги хонумонсӯзро дар Тоҷикистон дидан намехоҳем, зеро оқибати ин ҷангҳо харобист.

Имрӯз, мо аҳли ҷомеаро зарур аст, набояд нисбати ин гуна афроди бешараф дар канор бошем, баръакс бо онҳо мубориза намоем. Чунки аз азал кулли мардуми кишвар медонанд, ки Ворух порае аз хоки Тоҷикистон, қаламрави таърихии кишвари азизи мо аст. Мо намегузорем, ки нохалафе порае аз хоки Тоҷикистонро яксон намояд. Мо тоҷикон нангу номуси баланди миллӣ дорем, то ҷон дар бадан дорем, барои ҳифз намудани марзу буми кишвари хеш омода ҳастем.

Мо аҳли ҷомеаро зарур аст, ки ба хотири нигоҳдошт ва таъмини ободиву оромӣ, суботи кишвар дар ин набард саҳми сазовори хешро гузошта бошем. Зеро ин сулҳу суботи комил ба осонӣ ба даст наомадааст. Ҳама ин ободкориҳову созандагиҳо зери ташаббусу раҳнамоиҳо ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи меҳнатқарини тоҷик ба вуқӯъ омадааст.

Баҳри якпорчагии кишвари маҳбубамон, ҳифзи марзу буми кишвар, ҳимояи манфиатҳои милливу аҷдодии хеш бояд мо насли калонсол ҷавононро дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ, меҳнатдӯстӣ тарбия намоем, зеро ҷавонон ояндасози миллатанд. Мо бо онҳо боварии комил дорем.

Мадаминова М, Раиси Шӯрои

Собиқадорони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт