Иҷлосияи саодатофар

2022-09-20

Сӣ сол муқаддам дар толори таърихии Қасри Арббоб Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки ҳадафи асосии он ба низом даровардани авзои мураккаби сиёсӣ, беҳтар намудани вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва барқарор кардани сохти конститутсионӣ буд.

Зикр бояд кард,ки ин иҷлосия дар сарнавишти миллати мо нақши муҳим ва муассир бозидааст, ки аҳаммияти он дар таҳкими сулҳу суботи кишвар дар айёми соҳибистиқлолӣ беназир дониста мешавад.

Бешубҳа метавон ин иҷлосияро ҳамчун пойдевор ва Кохи мӯҳташами сулҳ дар Тоҷикистон ном ниҳод.

Дар иҷлосия ҳайати нави сиёсии кишвар бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид, ки минбаъд барномаи мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро таҳия ва дар амал татбиқ намуд. Ин иқдоми бузург заминаи эҳёи миллиро фароҳам овард ва хатари парокандагии давлати тоҷиконро аз миён бардошт.

Миллати фарҳангсоз ва тамаддунофари тоҷик дар фароварди садаи 20 соҳиби ду дастоварди ниҳоят арзишманд бо номи Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ гардиданд, ки асоси ҷовидонаи ин миллатро дар арсаи таърих таъмин намуданд. Имрӯзҳо бошад, мардуми ваҳдатшиори мамлакат боз як руйдоди таърихӣ - 30 солагии Иҷлосияи 16 уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовези азими меҳнатӣ пешвоз мегиранд. Бешубҳа ин анҷумани саодатофар дар таҳкими истиқлоли миллӣ, оромию суботи сиёсӣ, баҳамойии тарафҳои муқобил саҳми шоиста дорад.

Ҷоиз ба қайд аст, ки таърихи начандон дури кишвар собитгари он аст, ки дар саргаҳи саодати миллат ва зиндагии шоистаи мардум номи як шахсияти мондагор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистад, ки дар такя ба нерӯи бузургу хиради волои халқ тавонистанд миллатро сарҷамъ созанд.

Ҳамонтавре, ки дар боло ишора шуд, таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад ва ин таърихи миллат ва халқи кишвар бо ному фаъолияти пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад.

Мо ба он хотир ба ин Иҷлосияи тақдирсоз арҷгузорӣ мекунем, ки ба шарофати он на танҳо ба ҷанги таҳмилии дохилӣ хотима бахшида, сохти фалаҷгаштаи конститутсиониро барқарор намудем, балки ҷиҳати эҷоди механизми одилонаи гуфтушуниди сулҳ ва имзои Санади истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишварамон муваффақ ҳам гаштем.

Маҳз қасри таърихии Арбоб, ки аз маҳбубтарин мавзеи хушобу ҳаво ва таърихии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҳсуб мешавад, ба олами сиёсат шахсиятеро овард, ки бо дониши баланди фитрӣ, маҳорати хоссаи ташкилотчигӣ, ҳисси баланди миллӣ ва диловарию шуҷоатмандӣ тавонист давлати фалаҷгаштаро ҷон ва нерӯ бахшад, дар дили сокинон умед ба фардои неки миллатро бедор созад.

Боиси таззаккур аст, ки Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити хеле ҳассос ва вазнини кишвар доир гардида, бо вуҷуди он, ки он дар минтақаи аз лиҳози амнияти ором доир шуда бошад, ҳам аз ҳар як иштирокчии Иҷлосия, далериву шуҷоматмандиро тақозо мекард. Он масъалаҳое, ки дар рӯзномаи кори ҷаласа бояд баррасӣ мешуданд, маҳз бо талош ва самараҳои фаъолияти вакилон вобастагии калон дорад. Имрӯз аз равзанаи таърих ба он лаҳзаҳои тақдирҷунбони кишвар дида медӯзему корномаҳои вакилони воқеан ҳам мардумӣ ба хотир меояд.

Ҷавҳари талошу заҳматҳои мо ва кору фаъолиятамонро дар марҳилаи имрӯза ин таҳкими субботу амнияти комил, рушду ободии кишвари азизамон, тарбияи ватандӯстӣ, худогоҳии насли наврас ва фаҳмонидани моҳияти сиёсати имрузаи давлату ҳукумати мамлакат, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян шудааст, ташкил медиҳад.

Бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибдавлатӣ ва соҳибистиқлолии кишвари азизамон, ки ба шарофати он имрӯзҳо мо ба таъриху фарҳанги оламшумули худ имконияти фароҳам пайдо намуда, дар остонаи таҷлили санаи бузурги миллиамон 30-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ, ки дастоварди муқаддастарини халқи Тоҷикистон мебошад, қарор дорем.

Пас аз пош хӯрдани иттиҳоди Шӯравй ва коста шудани ҳокимияти давлатй дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як муддат ба кишвари мо вазъи нохуб ва низои дохилиро ба бор овард, ки ба қишрҳои ҷомеа хисороти зиёд расида баъзе аз ҳамватанони мо аз манзили истиқоматии худ маҳрум гашта, қисми дигари он қурбони ҷанги шаҳрвандӣ гардиданд. Дар таърихи миллати тоҷик ин фоҷиаи гарон чун саҳифаи фаромӯшнашаванда сабт шудааст, то дарси ибрати наслҳои имрӯзу оянда гардад.

Боис ба зикр аст, ки Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазой нави сиёсй буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд, маҳз дар Иҷлосияи такдирсози мазкур муҳтарам Эмомалй Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми кишвар ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон ваколати сардори давлат ба он кас дода шуд.

Хизматҳои созгору шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҳалқаҳои аз ҳам гусастаи Тоҷикистонро ба занҷираи мустаҳками иттиҳод пайваст, миллати азияткашидаи тоҷиконро аз вартаи ҳалокат ва нобудӣ ба раҳоӣ овард.

Дастовардҳои дар 30 соли соҳибистиқ­лолии мамлакат бо заҳматҳои пайвастаи Раиси муззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, ки дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеаи муосири кишвар ба таври возеҳу равшан эҳсос карда мешавад. 

Масалан, барқарор намудани сулҳу суботи комил, ваҳдати пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ ва болоравии ҳисси ватандўстиву ватандорӣ мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлоли давлатиро “арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолор ва куҳанбунёди тоҷик” дар замони муосир шумурдаанд. Дар муддати 30 соли созандагӣ таҳти дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат роҳбарияити олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ба комёбиҳои назаррасе ноил гардид. Мавриди зикр аст, ки дар ҳар сафари кории сарвари давлат дар радифи иншоотҳои соҳаҳои гуногун, биноҳои маъмурии Кумитаҳои иҷроияи шаҳру навоҳии вилоят бо ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат тариқи ҳашар бо ҷалби фаъолони ҳизб сохта, бо иштироки бевоситаи Раиси муаззами Ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дода шуда истодааст. Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри зимни як сафари Пешвои миллат ба вилояти Суғд ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи иди Наврӯзи байналмиллалӣ 22- юми марти соли 2020 бо иштироки Пешвои муаззами миллат ба истифода дод, ки ин масъулияти кормандони ҳизбиро дучанд сохта нуфузи ҲХДТ- ро дар байни мардум бозҳам боло мебардорад.

Маҳз самараи истиқлолу озоди аст, ки аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон аз 2300 ба 5000 расонида шуд, ки нисбат ба моҳи ноябри соли 2019, 2700 нафар зиёд ё худ 220% афзудааст.

Воқеан ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ пас аз гузашти бештар аз 1000 соли давлатдории тоҷикон арзиши муқаддас маҳсуб ёфта, кулли фаъолони ҷомеа барои ҳифзу ҳимояи он тамоми кушишу ғайрати худро сафарбар намуда, барои ба насли наврас талқин намудани ин иҷлосияи Саодатофар ҳамаҷониба талош намоем.

Ҷалолзода Миршакар, Раиси

КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон