Собиқадорон бетараф нестанд

2022-09-20

Мо собиқадорони арсаи меҳнату хизмати давлатӣ, занону модарон, бонувону духтарон, аъзои ҲХДТ дар вилояти Суғд, аз ин ваҳшонияте, ҳамсоямарзи мо қирғизҳо ба сари мардуми бегуноҳи шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти мо овард, сахт андуҳгинем. Таърих гувоҳ аст, мардуми тоҷик боре ҳам ба сари халқу миллати дигар теғ накашидааст, модареро кушта, кудакеро ба хоку хун оғушта, сарбози дар дифои марзи кишвар бударо ба нишони марг нагирифтааст. Афсус, ки бархе аз ноҷавонмардони ҳамсоямарзи қирғиз, ки мо ҳама вақт онҳоро бо хушнудӣ пешвоз мегирифтем, ба ҷашну маъракаҳо даъват мекардем, бо обу нони ҳамин сарзамин меҳмондорӣ менамудем, обу хоки Ватанамонро якҷоя истифода мебурдем, теғ ба суи мо ва мардуми бегуноҳи мо кушод, вале надонист ва намедонад, ки дар ҳама давру замон ҳақ ба ҳақдор мерасад. Мардуми тоҷик сулҳе,ки бо нархи ҷон ба даст овард, орзую умеди Пешвои тоҷикони ҷаҳон, мунодии сулҳу Ваҳдатро ҳамдаму ҳамасол пос медорад, барои осудагии мардуми кишвар, барои осудагии мардуми диёр, барои хоби ороми кудакону чашми умеди модарон, ҳамеша омодааст то нохалафе сарзаминиороми моро ноором ва мардуми соҳибфарҳангу соҳибхирадмандро ашкрез нанамояд. Мо бо шумоем, мардуми аз дасти душмани нохалафу нотавонбин азияткашидаву ҷабрдида, худованд ба онон ҷазову сазо ва таърих баҳои худро хоҳад дод. Сабуру сарбаланд бошед, ҳамдиёрони гиромӣ! Душман ба мақсаду мароми хеш дар ягон давру замон нарасидааст ва ҳеҷ гоҳнашоҳад расид.

Ҳасанова Шуҷоат, муовини раиси Шурои

Собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Суғд