Сулҳ - меҳвари рӯзгори тоҷикон

2022-09-19

Миллати шарифи тоҷик аз азал бо ваҳдату оромиш, сулҳу субот зиндагонӣ карда, мусаллам аст, ки дар ягон давру замон талоши хоки хонаи касе касе накардааст. Сулҳ меҳвари асосии зиндагии ин миллати сарбаланд маҳсуб ёфта, бо мусолиҳату гузашт аҳди номуси ватандориро ба ҷой овардааст. Дар баробари он ба ҳар душмани ғаддор, ки ба марзи буми аҷдодӣ чашм ало карда, қадами номубораки худро гузоштааст, муборизи беамон бурда, бо синаи сипаркарда душмани беаҳдро аз хоки Ватан дур андохтааст.

Ин андеша аз қаҳрамониҳои фарзандони диловари тоҷик дар тӯли таърих гувоҳ аст. Воқеаҳои рӯзҳои охир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳамсояи беаҳди мо дар баробари ин қадар гузашт кардану ба мусолиҳа хондан боз хиёнаткорона аҳди худро мешикананд. Бо хулқи азалӣ ҷониби Тоҷикистон ба он мекӯшад, ки барои ба ҷо овардани рисолати ҳамсоягӣ ҳамаи тадбирҳоро андешад.

Мутаассифона ҳамсояи кучӣ аз одати худ, ки паймоншиканист, даст кашиданӣ нест. Боиси таассуф аст, ки муноқишаи марзӣ боиси талафоти чонӣ гардид. Ин ҷавонмардон воқеан фарзандони қаҳрамон ва сарсупурдаи миллат маҳсуб ёфта, номашон дар саҳфаи таърих абадан сабт хоҳад шуд. Ҳамчунин, аз сарбозону афсарони шуҷои Ватан, ки дар хатти марз истода, нақшаи ғосибонаи душманро ботил ва уро саркӯб карданд ҳар хурду бузурги миллат ифтихор карда, таманнои сиҳатмандию ҷасорат ва дар иҷрои қарзи олии ватандорӣ барор таманно хоҳон аст.

Имрӯз дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат ҳазорон нафар ба маъракаҳои омодагии сафарбарӣ ҳозир шуда, бо эҳсоси баланди ватандорӣ ба ҳифзи ҳар пораи хоки Ватан омода будани худро нишон медиҳанд. Иқтидори ҳарбии кишвари озоди Тоҷикистон ба он қодир аст, ки ҳама гуна қувваҳои ғосибро маҳв созад. Ҳар афсару сарбози ин сарзамин бо рӯҳияи баланди меҳанпарастӣ аз мактаби матонат ва мардонагӣ гузашта, дар ҳифзи Тоҷикистон, Истиқлоли меҳан, муқаддасоти кишвар ва амру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омода мебошад. Танҳо моро зарур аст дар ин давраҳои ҳассос дар ҳифзи ҳар пораи хоки Тоҷикистон маҳбуб худро вазифадор шуморида, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Ба овозаю дасисаҳо дода нашуда, арзишҳои волои миллии худро ҳифз намоем. Ёди фарзандони далеру бонанги Ватанро, ки дар роҳи ҳифзи номуси миллат ҷон фидо кардан гиромӣ дошта, ба афсарону сарбозоне, ки имрӯзҳо дар ҳар қисми низомӣ ва дидбонгоҳи сарҳади шабонарӯз камин истодаанд саломатӣ ва умеду шуҷоат орзу кунем.

Туйғун Шарифзода, Раиси кумитаи

иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод