ПАЙМОНШИКАН АСЛО БА МАҚСАД НАРАСАД

2022-09-19

Қӯшунҳои сарҳадии қирғиз боз оини ҷавонмардиву ҳамсоядориро қатъи назар карда, дар субҳи содиқ, дар вақти хоби нози кӯдакон аҳдшиканона ба минтақаҳои наздисарҳадии шаҳрамон: деҳаҳои Чилгазию Гулистон, Чорқишлоқу Сурх, Чоркӯҳу Ворух ҳуҷум карданд, ки ин бори аввал нест. Баъди ин ҳамлаи номардона, ба гуфти мардум, “Ҳам ғарию ҳам пешхезӣ” карда, боз ба тамоми олам доду фарёд доранд, ки тоҷик муноқишаро сар кард.

Бо ин амалашон роҳбарияти давлати ҳамсоя собит сохтанд, ки ба онҳо бовар ҳам карда намешаваду созиш ҳам карда намешавад. Гапашон дигару амалашон дигар аст, чунки чандин сол боз масъалаҳои марзӣ ҳалли худро намеёбанд.

Бар замми ин, ҳамсояи паймоншикан гумон дорад, ки тоҷик Ватани худро муҳофизат карда наметавонад. Номаъқул кардаст! Фаромӯш накунад, ки мо ворисони Спитамену Деваштич, Шераку Муқаннаъ, Темурмалику Восеъ барин ҷавонмардони бонангу номус, содиқу ҷасур ва қаҳрамон ҳастем, барои ҳифзи нангу номус ва марзу буми Ватан сина сипар мекунему ҷони худро дареғ намедорем. Дар лаҳзаҳои барои давлату миллат ҳассосу тақдирсоз ҳама чун як тан муттаҳидем, иттифоқем, якмаромем.

Мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қадри сулҳу ваҳдат, амну амонӣ ва оромию осоиштагӣ мерасем, оини ҷавонмардиву ҳамсоядориро хуб медонем ва риоя мекунем. Баъзан тоҷикона гузашт ҳам мекунем, ки инро ғосибону золимон ба таври худ қабул мекунанд. Гумон мекунанд, ки тоҷик ҳаросид, тарсид. Не, иштибоҳ мекунанд, сад дар сад хато мекунанд. Тоҷик натарсид, наҳаросид, балки бовар намуд, ҳурмат кард, оини ҷавонмардиро ба ҷо овард, одоби ҳамсоядориро риоя сохт, зеро ӯ дили нарм дорад, дар вуҷуди ӯ хуни тоҷикона ҷорист.

Халқи тоҷик на фақат ғами кишвари худро мехӯрад, балки барои оромиву сулҳу суботи минтақа низ масъулият эҳсос мекунад.

Мутаассифона, роҳбарияти бесалоҳияту бемасъулияти ҳамсоякишвар барои ким-кадом ғаразу манфиатҳои нопоки худ ҳаёту сарнавишти давлату мардуми хешро ба бозӣ мекашанд. Гумон мекунанд, ки тавассути ин бозиҳои сиёсиашону дасисаҳои дар марз сохтаашон таваҷҷуҳи халқашонро аз худ дур мекунанд. Бар замми ин, дар сомонаҳои интернетӣ ба ин кор боз тоҷиконро муттаҳам мекунанд, яъне “ҳам ғарию ҳам пешхезӣ” менамоянд.

Ин рафтори ноҷавонмардонаю таҳрибкоронаи низомиёни кишвари ҳамсоя нобахшиданист ва онҳо бояд фаромӯш насозанд, ки хато андар хато мекунанд. Чашмашонро калонакак кушода, ақлашонро дурустакак кор фармуда бинанду андеша кунанд, ки кӣ буданд. Дирӯз ба чаронидани моли тоҷик омада буданду дар иҷора зиндагӣ мекарданд. Акнун имрӯз ба намакдон туф кардаву даъвои замин кардаву онро бо фиребу найранг, яроқу аслиҳа ғасб карданашон ягон тоҷикро ором гузошта наметавонад.

Мутаассифона, дар ин задухӯрди мусаллаҳона, ки ҷангҷӯён мағлуб шудаву пайи гурезро пеш гирифта бошанд ҳам, талафоти ҷонию молӣ шуд.

Ин лаҳзаҳо барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ лаҳзаи имтиҳон аст, ҳар яки мо бояд дар фикру андешаи ҳифзу ҳимояти Ватани азизамон бошем. Сарбоз бо яроқаш, меҳнаткаш бо меҳнати пурсамараш, қаламкаш бо қаламу суханаш марзу буми кишварро ҳифз намоем. Ҳар як тири мо бяд хок нахӯрад, душмани ғаддорро нобуд созад, заҳмати мо баҳри мустаҳкам кардани қудрату тавоноии мамлакатмаон равона гардад, сухани мо мардумро ба ҳифзу ҳимояи Ватан бархезонда, душманро пароканда созад.

Мебинам, ки аз тамоми гӯшаву канори кишвари азизамон ҷавонмардон барои ҳимояи марзу буми Ватанамон тайёранд.

Сарбозону марзбонони тоҷик ҳар як ваҷаби мулки кишварамон - Тоҷикистони азизро чун пораи тани худ дифоъ мекунанд.

Итминони комил дорам, ки ин дасисаи навбатии роҳбарияти Қирғизистон бо истеъфои шармандаворашон ба анҷом мерасад. Аллакай норозигии мардуми қирғиз нисбат ба сиёсати пешгирифтаи Садир Ҷапаров ва Қамчибек Ташиев ба авҷи аълояш расидааст. Ва шикасти шармандавори дасисакорони қирғиз ва оташдиҳандагони ин васваса ногузир аст.

Мо ягон ваҷаб замини худро ба ғосибон намедиҳем, барои ҳифзи он омодаем, сина сипар мекунем ва инро нишон ҳам додем.

Паймоншикан асло ба мақсад намерасад.

Исматҷон Пӯлодов, узви ИЖТ,

аъзои фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Исфара