Ситоди “Обуна – 2023” баргузор гардид

2022-09-16

Дар толори маҷлисгоҳи Дастгоҳи КИМ ҲХДТ бо иштироки муовини Раиси ҲХДТ, раиси ситоди ҷумҳуриявии “Обуна – 2023” Хайринисо Юсуфӣ ва муовини Раиси ҳизб Латифзода Асрор Қурбон, раисони кумитаҳои иҷроия дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ Ситоди “Обуна-2023” баргузор гардид.

Зимни баррасии масъалаи болозикр муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ зикр доштанд, ки матбуот муҳимтарин рукни ҷомеаи демократӣ буда, дар меҳвари фаъолияти он инъикоси воқеии ҳаёти соҳаҳои гуногун, бунёди Тоҷикистони навин, баланд бардоштани имиҷи миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, роҳандозии ислоҳот дар ҷомеа, ҳифз ва рушди фазо ва амнияти иттилоотӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва анҷом додани баъзе вазифаҳои муҳим дар бахши таъмини дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти солим ва саҳеҳ қарор дорад. Нашрияҳои ҳизбӣ аз омилҳои самарбахши кори тарғиботӣ буда, ҳамзамон, чун таъминкунандаи робитаи байни ташкилотҳои ҳизбӣ ва ҷомеа хизмат мекунанд.

Яке аз самтҳои умдаи фаъолияти кори ҳизбӣ ба роҳ мондани маъракаи “Обуна” ба нашрияҳои ҳизбӣ дониста мешавад, ки масъулияти кумитаҳои иҷроия ва эътиқоду садоқати онҳо ба ҳизб ва барномаҳои ҳизбӣ аз рўйи он муайян ва мушаххас карда мешаванд.

Ҳамзамон, ёдовар гардид, ки нахустин шуда дар ҷумҳурӣ КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ рӯзи 7-уми июл ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон 8-уми июли соли 2022 аз иҷрои нақшаи обуна ба ҳафтаномаи “Минбари халқ” мужда расониданд.

Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» минбари озоди баёни андеша, тарғибгари ҳадафҳои ҳизб, мубаллиғи фаъолияти пурсамари сохторҳои ҳизбии минтақаҳо, дастраскунандаи ахбори тозаи ҳизбӣ дар тамоми ҷумҳурӣ мебошад.

Нашрияи «Минбари халқ» - сертиражтарин ҳафтаномаи Тоҷикистон, ки ҳафтае як маротиба ба табъ мерасад, барои ҳар як муштарӣ ва хонандаи худ метавонад ба сифати махзани маълумоти на танҳо ҳизбӣ, балки сарчашмаи хабарии мукаммал нақш бигирад. Дар саҳифаҳои он, дар баробари хабару маводи ҳизбӣ, набзи Тоҷикистон инъикос мегардад. Имрӯз ин ҳафтанома воқеан ба минбари халқ табдил ёфта, дар набардҳои иттилоотӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ саҳми шоистаю босазо мегузорад.

Ҳамзамон, қайд гардид, ки баҳри дар сатҳи сазовор таҷлил намудани 30 – солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аксияи ҷумҳуриявии “Албом- Эстафета” таҳти унвони “30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” аз вилояти Суғд оғоз гардид. Дар ин асос кумитаҳои иҷроия дар шаҳру ноҳияҳо барои дар сатҳи баланд баргузор намудани аксияи мазкур вазифадор гардида, дар доираи баргузор намудани аксияи мазкур чорабиниҳои фарҳангиву илмӣ, тарбиявию варзишӣ ва иқдомҳои ҳизбӣ ба роҳ монда шаванд.

Муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор иброз намуданд, ки баргузории аксияи зерин бояд шукӯҳ, шаҳомат ва муҳиммияти ин иҷлосияи тақдирсозро бозгу намуда, дар ин замина таҷрибаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ба роҳбарӣ гирифта шавад.

Дар рафти маҷлиси Ситод масъалаи ҳамкорӣ бо нашрияи Марказии ҲХДТ “Минбари халқ” мавриди омӯзиш қарор гирифта, сармуҳаррири ҳафтаномаи мазкур Ҳамдамов Бахтиёр зикр доштанд, ки дар айёми ҳассосу ҷангҳои иттилоотӣ моро зарур аст, ки ҳарчӣ бештар бо сухан ва далелҳои қонеъкунанда мусаллаҳ бошем. Аз ин сабаб кумитаҳои иҷроияро лозим аст, ки мақолаҳои таҳлилии пурмуътаво саривақтӣ ба почтаи электронии нашрия пешниҳод намоянд.

Дар анҷом масъалаҳои интизомӣ корӣ ва саривақт иҷро намудани дастуру супоришҳо ва барқияҳои Дастгоҳи КИМ ҲХДТ мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.