Албом-эстафета ба Конибодом расид

2022-09-16

Таҳти чунин унвон бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 30 – солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷараён дорад.

Дар вазъияти тантанавӣ, зери садои карнаю сурнай, бо иштироки фаъолони ҳизб, ҷавонон, донишҷӯён ва муҳассилини муассисаҳои таълимӣ, аъзои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ба Конибодом расид.

“Албом-Эстафета”-ро аз ҳизбиёни шаҳри Исфара ҳизбиёни шаҳри Конибодом ботантана қабул намуданд. Ҳамчунин, туҳфаи хотиравӣ(маҳсули дастони занони ҳунарманд) аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара армуғон гардид.

Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ҷиҳати баргузории силсилаи чорабиниҳои “Албом-эстафета” бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои сиёсиву варзишӣ ва фарҳангӣ роҳандозӣ гардида, баргузории озмуни “Рассоми беҳтарин” байни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр, ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон, Истиқлолият ва ҳифзи арзишҳои миллӣ”, мизи мудаввар таҳти унвони “30-соли созандагиҳо бо Пешвои миллат”, аёдати ҷавонони маъюб, баргузории аксияи тарғиботӣ таҳти унвони “Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат!” аз ҷумлаи чорабиниҳои Албом - эстафета буданд.