“30-СОЛИ СОЗАНДАГӢ БО ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ”

2022-09-16

Баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30 – солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои арҷгузорӣ ба заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҳамоиши бузурги ҷавонон Албом – эстафета таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” дар вилояти Суғд идома дорад.

Санаи 12 .09. 2022 дар даромадгоҳи шаҳри Исфара муовини раиси шаҳр Суруридин Зиёваддинзода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара Гулафзо Ҷӯраева, як гурӯҳ раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, фаъолони ҳизб, намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” таҳти садои карнаю сурнай дар вазъияти тантанавӣ Албом - эстафетаи “30 соли созандаги бо Пешвои муаззами миллат” - ро аз ҳизбиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Б.Ғафуров қабул намуданд.

Иштирокчиёни ҳамоиши ҷавонон баъди қабули “Албом – эстафета” дар кӯчаҳои шаҳр, ки бо парчамҳо ва шиору овезаҳо оро дода шуда буданд, ба Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара роҳсипор шуданд. Дар маҷлисгоҳи донишгоҳ, ки ба таври идона оро дода шуда буд, бо иштироки беш аз 300 нафар ҷавонон, аъзо ва ҷонибдорини ҲХДТ, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”, собиқадорони ҳизбу меҳнат ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Баъд аз садо додани Суруди миллӣ ҳамоиш ба кори худ оғоз намуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, меҳмонон ва иштрокчиёнро хайрамақдам гуфт ва иброз дошт, ки ҳамоиши имрӯза бо мақсади тарғиби аҳамияти таърихии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар ташаккули давлатдории миллӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихиву беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми ҷавонон дар тарғиб, ташвиқ ва татбиқи сиёсати муваффақонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ҳуввияти миллии ҷавонон ва мустаҳкам намудани дӯстии ҷавонон ташкил гардидааст.

Ҳамчунин, зимни суханронии худ зикр намуд, ки баргузории ҳамоиши мазкур баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху ниёгон мебошад. Бо гузашти сӣ сол, мо шоҳиди он гардидем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пуррагӣ аз ӯҳдаи қасами хӯрдаи худ баромаданд ва дар Тоҷикистон сулҳу субот, сериву пуррӣ ва пешрафти куллиро таъмин намуданд. Дар ин муддати кӯтоҳ кишвари азизамонро дар арсаи байналмилалӣ на танҳо эътироф, ҳамчунин пешниҳодҳои онро зиёда аз дусад кишвари дунё якдилона қабул намуданд.

Раиси шаҳри Исфара Баҳодурзода Баҳоваддин Баҳодур иштирокчиёнро бо ин рӯйдоди муҳим шодбош гуфта, зимни баромади хеш қайд кард, ки Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарнавишти миллати мо нақши муҳим ва муассир бозидааст, ки аҳамияти он дар таҳкими сулҳу суботи кишвар дар айёми соҳибистиқлолӣ беназир дониста мешавад. Метавон ин иҷлосияро ҳамчун пойдевор ва Кохи мӯҳташами сулҳ дар Тоҷикистон номид, зеро маҳз дар ҳамин Иҷлосия ҳайати нави сиёсии кишвар бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид, ки минбаъд барномаи мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро таҳия ва дар амал татбиқ намуд.

Сипас, иштирокчиёни Иҷлосияи тақдирсоз Савриддинова Гулафзо Савридиновна, Мирзошариф Исломаддинов хотираҳои хешро аз рӯзҳои баргузории Иҷлосияи тақдир, ки дар Қасри арбоб баргузор гардида буд, ба ҳозирин ёдоварӣ намуданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш консерти бошукуҳ аз тарафи санъаткорони шаҳр пешкаши ҳозирин гардид.

Дар доираи албом –эстафета баргузории конференсияҳо, мизҳои мудаввар, аксияҳо, сӯҳбату мулоқотҳо, вохӯриҳо бо иштирокчиёни Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусобиқаҳои варзишӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ҷомеаҳои меҳнатӣ ва маҳалли зисти аҳолӣ ба нақша гирифта шудааст.