Хуҷанд: Аксияи ҷумҳуриявии Албом – эстафета таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид

2022-09-15

Бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ” бахшида баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30 – солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои арҷгузорӣ ба заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоиши бузурги ҷавонон Албом – эстафета таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Дар даромадгоҳи шарқии шаҳри Хуҷанд Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов бо фаъолони ҳизб ва аъзоҳои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вазъияти тантанавӣ Албом - эстафетаи “30 соли созандаги бо Пешвои муаззами миллат” - ро аз Раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ қабул намуданд.

Ҳамоиши ҷавонон баъди қабули “Албом – эстафета” дар кӯчаҳои шаҳр бо афрохтани парчам ва шиору овезаҳо давр зада бо карнаю сурнай ба Кохи Суғдиён роҳсипор шуданд. Дар даромадгоҳи Кохи Суғдиён меҳнон аз дастовардҳои хонандагону омӯзгорон, варзишгарону иштирокчиёни озмунҳо, маҳсули меҳнати ҳунармандон дидан карданд.

Дар чорабинии мазкур Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Раиси кумиҷроия шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов, иштирокчиёни иҷлосия, фаъолон ҳизб, олимони ҷавон ва аъзоҳои фаъоли ТҶҶ “Созандаони Ватан” иштирок доштанд.

Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ оғоз гардид.

Чорабиниро Раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ифтитоҳ намуда, меҳмонон ва иштрокчиёнро хайрамақдам гуфт ва иброз дошт, ки ҳамоиши имрӯза бо мақсади тарғиби аҳамияти таърихии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар ташаккули давлатдории миллӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихиву беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми ҷавонон дар тарғиб, ташвиқ ва татбиқи сиёсати муваффақонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ҳуввияти миллии ҷавонон ва мустаҳкам намудани дӯстии ҷавонон ташкил гардидааст.

Ҳамчунин, Раиси кумиҷроияи вилоятӣ Исмоилзода Зуфар Муртазохон зимни суханронии худ зикр намуд, ки баргузории ҳамоиши мазкур баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху ниёгон мебошад. Бо гузашти сӣ сол, мо шоҳиди он гардидем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пуррагӣ аз ӯҳдаи қасами хӯрдаи худ баромаданд ва дар Тоҷикистон сулҳу субот, сериву пуррӣ ва пешрафти куллиро таъмин намуданд. Дар ин муддати кӯтоҳ кишвари азизамонро дар арсаи байналмилалӣ на танҳо эътироф, ҳамчунин пешниҳодҳои онро зиёда аз дусад кишвари дунё якдилона қабул намуданд.

Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода иштирокчиёнро бо ин рӯйдоди муҳим шодбош гуфта, зимни баромади хеш қайд кард, ки Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарнавишти миллати мо нақши муҳим ва муассир бозидааст, ки аҳамияти он дар таҳкими сулҳу суботи кишвар дар айёми соҳибистиқлолӣ беназир дониста мешавад. Метавон ин иҷлосияро ҳамчун пойдевор ва Кохи мӯҳташами сулҳ дар Тоҷикистон номид, зеро маҳз дар ҳамин Иҷлосия ҳайати нави сиёсии кишвар бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид, ки минбаъд барномаи мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро таҳия ва дар амал татбиқ намуд.

Сипас, иштирокчии Иҷлосияи тақдирсоз Карамулло Обидов хотираҳои хешро аз рӯзҳои баргузории Иҷлосияи тақдир, ки дар Қасри арбоб баргузор гардида буд, ба ҳозирин ёдоварӣ намуд.

Ҳамзамон аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони ватан” Дилангез Холова ба музокира баромада, аз номи ҷавонон ваъда дод, ки тамоми саъю кӯшиш ва донишу малакаамонро баҳри ободиву пешрафт ва тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлоламон равона хоҳем кард.

Дар идомаи чорабинӣ ба якчанд нафар фаъолони ҳизб Медали Ҷашнӣ тақдим гардида, ҷавонони фаъолро ба сафи аъзои ҳизб ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” қабул намуда, дар вазъияти тантаавӣ ба онҳо шаҳодатнома супорида шуд.

Бояд қайд намуд, ки ҳамоиши мазкур дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар бо гузаронидани чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ, фарҳангӣ ва маърифатию варзишӣ тибқи нақшаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ба роҳ монда шуда, дар остонаи таҷлили 30 - солагии Иҷлосияи тақдирсоз дар Қасри Арбоб ҷамъбаст ва Албом – эстафетаи “30-соли созандагӣ бо Пешвои миллат” ба осорхонаи он тақдим карда мешавад.

Дар фарҷоми ҳамоиш консерти бошукуҳ аз тарафи бахши фарҳанги шаҳр пешкаши ҳозирин гардид.