Маҷлиси комиссияи тафтишотии ташкилотҳои ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор

2022-09-15

Бо иштироки Изатуллои Ҳабибзод, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор маҷлиси нахустини Комиссияи тафтишотии ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид.

Нахуст, Изатуллои Ҳабибзод ҳайати нави Комиссияи тафтишотиро барои интихоб гардиданашон самимона табрик намуд.

Дар идома зикр гардид, ки Комиссияи тафтишотӣ барои беҳтар намудани фаъолияти молиявӣ ва назорат бурдани ташкилотҳои ибтидоӣ дар самти пардохти ҳаққи узвият мусоидат хоҳад кард.

Тавре дар маҷлис зикр гардид воситаҳои пулӣ ва молу мулки ҳизб аз ҳисоби узвият, пардохтҳои ихтиёрии шахсони алоҳида ва ташкилотҳо, даромад аз фаъолияти хоҷагидорӣ, истеҳсолӣ, нашриётӣ ва даромадҳо аз чорабиниҳои дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намекунад, ташкил меёбанд.

Изатуллои Ҳабибзод зикр дошт, ки Комиссияи тафтишотӣ тибқи Низомнома амал намуда, фаъолияти молиявии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро санҷида, дар Конференсияи ташкилотҳои ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор ҳисобот медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки роҳбарияти баъзе ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар пардохти саривақтии ҳаққи узвият саҳлангорӣ зоҳир намуда, иҷроиши талаботи Оиннома, Низомнома “Дар бораи тартиби пешбурди фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидорӣ дар Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии вобаста ба фаъолияти ҳизбро ба таъхир мегузоранд.

Гуфта шуд, ки дар банди 6-уми Низомнома “Дар бораи тартиби пешбурди фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидорӣ дар Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” қайд гардидааст: «Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳар моҳ аз ҳисоби музди меҳнат ва даромади моҳонааш як фоиз ҳаққи узвият месупорад». Бинобар ин бояд ҳангоми пардохти ҳаққи узвият талаботи Низомнома қатъиян риоя карда шавад.

Ташкилотҳои ибтидоиро зарур аст, ки ба ин талаботи Низомнома диққати махсус диҳанд. Тибқи Низомнома пардохти маблағҳо дар даҳрўзаи аввали ҳар моҳ барои моҳи гузашта бояд анҷом ёбад. Риояи ин нишондод далели риояи интизоми молиявӣ буда, асоси интизоми ҳизбӣ маҳсуб меёбад.

Дар банди 7 –и Низомнома “Дар бораи тартиби пешбурди фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидорӣ дар Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” оварда шудааст, ки раиси ташкилоти ибтидоӣ тибқи банди 3.5-и Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои сари вақт ҷамъ намудани ҳаққи узвият ваколатдор мебошад.

Мутаассифона, ин талабот аз тарафи баъзе ташкилотҳои ҳизбӣ риоя карда намешавад.

Аз ин лиҳоз, лозим дониста шуд, ки Комиссияи тафтишотии ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор фаъолияти ташкилотҳои мазкурро мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор диҳанд.