Баргузории ҷаласаи Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон

2022-09-14

Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вакилони узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷаласаи Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон доир гардид. Рӯзномаи ҷаласа се масъаларо дар бар гирифта, мутобиқи масъалаи дуюм “Баррасии аризаи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода М. Р., Шерализода М.У. ва Гулаҳмадзода З. А. “Дар бораи узвияти Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул намудан” мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин дар доираи масъалаи сеюми рӯзнома “Дар бораи интихоби муовини Раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъкид гардид, ки мақоми ҳуқуқии Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 52 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», боби 4 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми 4 оинномаи ҲХДТ муайян карда шудааст. Сипас дар доираи масъалаи мазкур бо қарори ҷаласаи вакилон — аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад муовини Раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд.