Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Конференсияи ХХХIII КИ ҲХДТ баргузор гардид

2022-09-14

Дар толори Қасри фарҳанги ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов Конференсияи ХХХIII ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки вакилон, собиқадорон, фаъолони ҳизб ва аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб баргузор гардид.

Дар кори Конференсия муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон, Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Исмоилзода Зуфар Муртазохон, вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ, муовини аввали Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Абдуллозода Фаррух Орифӣ, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Анварзода Амирҷон иштирок доштанд.

Кори Конференсияи ХХIII ҳисоботӣ-интихоботии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз рӯи масъалаҳои зерин доир карда шуд.

1. Ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда;

2. Ҳисоботи комиссияи тафтишотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар давраи ҳисоботӣ;

3. Интихоби ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;

4. Интихоби ҳайати нави комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;

5. Интихоби вакилон ба Конференсияи 15-уми КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд;

6. Масъалаҳои ҷорӣ.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома оид ба ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Анварзода Амирҷон ба сухан баромада, доир ба фаъолияти 2,5 солаи (аз 01.11.2019 сол то 01.07.2022 сол) бурду бохт, пешравиву камбудӣ, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидани кумиҷроияи ноҳиявӣ ва ташкилотҳои ибтидоӣ, омӯзишу тарбияи сиёсии шаҳрвандон махсусан, ҷавонон, ба аҳолӣ расонидани муҳимият ва афзалиятнокии арзишҳои сохти конститутсионӣ, сулҳу субот дар ҷомеа, дастовардҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳизбӣ, инчунин, нисбати пешгирӣ аз мубориза бурдан бо ҳама ангезаҳои номатлуби ҷомеа, ҳаракатҳои тундгаро ва созмонҳои террористӣ ҳисобот дод.

Пас аз ҳисоботи раиси кумиҷроия вакилони конференсия Қоситова Ӯғулой, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Хуҷанд”, Каримзода Рустам, вакили конференсия ва Акбарзода Маъруф, роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия ба муҳокимаи маъруза баромада, фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро давоми 2,5 соли ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон дар суханронии худ доир ба фаъолияти ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, нуфузи ташкилотҳоии ибтидоӣ, алоқаи зичи раисони ташкилотҳои ибтидоӣ бо кумитаи иҷроия, фаъолияти вакилон вобаста ба корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, дар бораи узвият ба ҳизб, фаъолияти ТҶҶ “Созандагони Ватан”, мавқеи сиёсии аъзои ҳизб, вазифаҳои асосии Кумитаи иҷроияи ҳизбӣ ва ҳадафҳои асосии Барномаи ҲХДТ фикру андешаҳои хешро баён намуданд.

Инчунин, вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ, муовини аввали Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Абдуллозода Фаррух Орифӣ бобати саҳми аъзои ҲХДТ дар таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ, корҳои ободониву созандагӣ, тарғиби сиёсати хирадмандонаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, саҳми ҳизбиёнро дар пешрафти хоҷагии халқи ноҳия назаррас шумориданд.

Сипас, баррасии масъалаи сеюми рӯзнома «Интихоби ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров» иборат аз 35-нафар муқаррар карда, ба салоҳияти вакилони конференсия пешниҳод карда шуда, ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ҳизб мувофиқи руйхат ба таври овоздиҳии кушод интихоб карда шуд.

Масъалаи чоруми рӯзнома – “Интихоби комиссияи тафтишотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров” дар ҳайати 5-нафар пешниҳод карда шуд.

Гурӯҳи кории Конференсия руйхати эҳтимолии ҳайати нави комиссияи тафтишотиро тартиб дод, ки пешниҳоди вакилон гардонида шуд. Оид ба масъалаи мазкур қарор қабул карда шуд.

Вобаста ба масъалаи панҷуми рўзномаи Конференсия, яъне «Пешбарии номзадҳо ба вакилии Конференсияи 15-уми ҲХДТ дар вилояти Суғд аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки мувофиқи меъёр 55-нафар номзад ба Конференсияи 15-уми ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамчун вакил интихоб карда шуд.

Баъд аз анҷоми Конференсия, Маҷлиси якуми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо баррасии ду масъала:

1. Интихоби Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

2. Интихоби Раис ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор карда шуд.

Тибқи банди 4.13 Оинномаи ҳизб Раёсати Кумитаи иҷроия иборат аз 11 нафар пешниҳод гардид, ки аз ҷониби аъзоён интихоб гардиданд.

Мутобиқи банди 4.19 Оинномаи ҲХДТ Раиси ҲХДТ номзадҳоро барои интихоб кардан ба вазифаи раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ дар маҷлиси КИ ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо пешниҳод менамоянд. Дар мувофиқа бо Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номзадии Анварзода Амирҷон барои интихоб гардидан ба вазифаи раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пешниҳод ва аз ҷониби аъзои Раёсат интихоб гардид.

Латифзода Асрор Қурбон муовини Раиси ҲХДТ Анварзода Амирҷонро барои интихоб шуданашон ба ин вазифаи пурмасъулият табрик гуфта, дар корҳои оянда комёбӣ таманно намуд.

Сипас, дар фазои тантанавӣ барои хизматҳои арзанда ва таҳкими худшиносии миллӣ, саҳм гузоштан дар амалишавии ҳадафҳои созандаи ҳизб якчанд нафар бо Сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, медали ҷашнӣ ва Сипосномаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сарфароз гардида, ҳамзамон, ба 15-нафар аъзои навқабулгардида, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.