КИМ ҲХДТ: АКСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ “АЛБОМ-ЭСТАФЕТА” БАРГУЗОР МЕГАРДАД

2022-09-14

Ҷиҳати тарғибу ташвиқи аҳаммияти Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар ташаккули давлатдории миллӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихиву беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон дар доираи талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фармоиши Муовини якуми Раиси ҳизб Абдуҷаббор Азизӣ ба тасвиб расид, ки тибқи он аксияи ҷумҳуриявии “Албом-Эстафета” бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо доир мегардад.

Аксияи ҷумҳуриявии “Албом-эстафета” бо ташаббуси якҷояи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ роҳандозӣ мешавад. Ҳамоҳангсози баргузории Албом – эстафета Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” мебошад.

Албом-эстафета байни аъзои ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ва ҷавонони фаъоли ташкилотҳои ҳизбӣ аз моҳи сентябри соли 2022 оғоз гардида, дар арафаи таҷлили 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмааи фарҳангиву фароғатии Қасри маданияти Арбоб ҷамъбаст мегардад ва аз номи ҳизбиёни ҷумҳурӣ ба осорхонаи ин боргоҳ тақдим хоҳад шуд.

Албоми мазкур бо навбат аз санаи 12 то 22-юми сентябр дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз 22-юми сентябр то 5-уми октябр дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, аз 5-уми октябр то 14-уми октябр дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, аз 14-уми октябр то 3-юми ноябр дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва аз 3-юми ноябр то 6-юми ноябр дар шаҳри Душанбе ворид мегардад ва масъулони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо тибқи барномаи алоҳида дар вазъияти тантанавӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияи худ Албомро қабул менамоянд.

Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки тибқи ҷадвали тасдиқгардида чорабиниҳои ҷашниро дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ доир намоянд. Дар ҳошияи баргузории аксияи марзкур чорабиниҳои мухталифи фарҳангиву варзишӣ, мулоқоту вохӯриҳо, ҳамоишҳо ва конфронсҳову нишастҳо бо иштироки вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолони ҳизб ва ҷавонон баргузор мегарданд.

Албом – эстафета бо баргузории конференсияи илмӣ-амалии ҷавонон таҳти унвони “30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” ва бо баргузории ҳамоиши ҳизбиён дар маҷмааи фарҳангӣ – фароғатии Қасри маданияти Арбоб ҷамъбаст мешавад.

Ҳафтаномаи марказии ҳизб “Минбари халқ, сомонаи расмии ҲХДТ – www.hkhdt.tj ва нашрияҳои ҳизбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баргузории чорабиниҳои ҷашниро ба таври мунтазам инъикос мекунанд.

Бояд ёдовар шуд, ки Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарнавишти миллати мо нақши муҳим ва муассир бозидааст, ки аҳаммияти он дар таҳкими сулҳу суботи кишвар дар айёми соҳибистиқлолӣ беназир маҳсуб мешавад.

Иҷлосияи мазкурро ҳамчун пойдевор ва Кохи муҳташами сулҳ дар Тоҷикистон метавон арзёбӣ намуд, зеро маҳз дар он ҳайати нави сиёсии роҳбарияти олии кишвар бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид, ки минбаъд барномаҳои амалии рафъи бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавии кишварро таҳия ва қабул намуд. Ин иқдоми бузург заминаи эҳёи миллиро фароҳам овард ва хатари парокандагии давлати тоҷиконро аз миён бардошт.