Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – нерӯи ояндасози ҷавонон

2022-09-12

Барои мо ҷавонон ҳамчун созандагони боэътимоди Ватан мояи ифтихор ва сарбаландист, ки имрӯз дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва имкониятҳое, ки дар роҳи ободсозии Тоҷикистони соҳибистиқлол барои мо фароҳам меоваранд, сол аз сол дар тарҳу шакли нав саҳм мегузорем. Мо ҷавонони хушбахти ин замон ҳастем, ки дар яке аз ҳадафҳои муҳимтарини сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки “Рӯй овардан ба ҷавонон” мебошад, умр ба сар бурда, фаъолият намуда истодаем.

Имрӯзҳо бо мақсади ҷалби васеи ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ ба корҳои созандагиву бунёдкории минбаъда дар зери партави сулҳу дӯстӣ ва амониву якдигарфаҳмӣ дар назди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” таъсис дода, он ба сифати заминаи асосии ҷалби ҷавонон ба сафи ҳизб, таъмини сулҳу суботи ҷомеа, тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи ҳизб, татбиқ намудани ҳадафҳои он иштироки фаъолона дар маъракаҳои гунонгуни сиёсӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии ҷавонон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, муқовимат ва пешгирӣ аз интишори ақидаҳои ифротӣ ва харобкорона, аз байн бурдани гурӯҳҳои ифротгаро ва иртиҷоӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба таҳсили илм фаро гирифтани онҳо, тарбия дар руҳия ватандӯстиву хештаншиносӣ фаъолият мекунад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, барои тарбия намудани насли ҷавон дар руҳияи ватадӯстӣ, худшиносии миллӣ ва ҷасорату мардонагӣ, аз ҷумла хизмати ихтиёрии ҳарбӣ, механизмҳои муосири идеологӣ, муносиб ва дастрас ташкил намуд. Чунин механизмҳоро механизми халқии сафарбарнамоии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ номгузорӣ намуданд.

Дар ин росто Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҷавонон ҳамчун ба нерӯи ояндаи давлати соҳибистиқлол эътимод дошта, ба хотири аз байн бурдани мушкилоти онҳо чораҳои мушаххас меандешад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷавононеро, ки ба Ватан ва халқу миллат содиқона хизмат мекунанд, ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешбарӣ намуда, ба сиёсати ҷавонон ҳамеша афзалият медиҳад.

Мо ҷавонон бо масъулияти баланди ватандорӣ марзу буми Тоҷикистонро ҳифз намуда, аз манфиатҳои давлату миллат пуштибонӣ мекунем. Мо ҷавонон, созандагони Ватан талош мекунем, ки ҳамеша зери сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, ба ҳама хатару таҳдидҳои муосир омода ва дар атрофи Пешвои муаззаму маҳбуби миллат сарҷамъ бошем.

Қурбонов Ш., мудири шуъбаи кор

бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар н.Ҷ.Балхӣ