КИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД: АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО ИСТИҚЛОЛ

2022-09-08

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун меваи шаҳдбори соҳибистиқлолӣ суботи сиёсӣ ва дастовардҳои ин давраро асоси иродаи озоди мардум дониста, пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон ғояи истиқлол ва озодиро таҳким бахшида, барои пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, рушду нумӯи иқтисодиёт, илму фарҳанг ва дар маҷмӯъ, давлатдории миллӣ саъю талош менамояд.

Ҳизбиёни вилояти Суғд тарғиби арзишҳои миллӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ҳадафҳои оинномавию барномавии ҲХДТ ва нуктаҳои Паёми Сарвари давлатро асоси фаъолияти худ ҳисобида, ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои азими меҳнатӣ таҷлил намуданд ва аз Истиқлол то Истиқлол барои афзун намудани дастовардҳо ва ноил гаштан ба музаффариятҳои нав саъю талош варзиданд.

Мусаллам аст, ки аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳайси роҳнамои аҳли ҷомеа дар тарғибу ташвиқи Паёми Сарвари давлат нақши муаассир доранд. Зеро сокинони мамлакат дар симои ҳар як узви ҳизб амаликунандаи нақшаву ниятҳои неки давлатро мебинанд ва умедвор низ ҳастанд, ки ҳизбиён дар ин ҷода ташаббускорӣ нишон медиҳанд.

Танҳо зикри ҳамин нукта кофист, ки вобаста ба тарғиби Паём беш аз 700 мулоқоту вохӯриҳои судманд бо фарогирии 245400 нафар шаҳрвандони касбу кори гуногун ва табақаҳои мухталифи ҷомеа, зиёда аз 25 конфронсҳо, 60 мизҳои мудаввар ва аксияҳо таҳти унвонҳои “Паёми Президент - ҳуҷҷати тақдирсоз ва саодатовар!”, “Паём-дурнамои имрӯзу фардо!”, “Паёми Пешвои миллат-раҳнамои ҳаёти босаодат!”, “Паёми Президенти кишвар - санади муҳимми худшиносии миллӣ!” баргузор гардиданд.

Ҳамчунин, бо мақсади тарғибу татбиқи Паём конфронси илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Паёми раҳнамо” баргузор гардид, ки дар он ходимони сиёсиву давлатӣ, олимону муҳаққиқон бо маърӯзаҳои судманду пурмӯҳтаво иштирок ва суханронӣ намуданд, ва ҳамаи ин маърӯзаҳо ба шакли китоб мураттаб карда шуданд.

Бояд қайд намуд, ки фаъолияти босамар ва мақсадноку ҳадафраси ҳизб, пеш аз ҳама, аз шароити мусоиди корӣ ва заминаҳои хуби моддиву техникӣ вобаста мебошад ва боиси ифтихормандии ҳизбиёни вилоят аст, ки танҳо дар давоми соли 2022 биноҳои маъмурии КИ ҲХДТ дар шаҳрҳои Гулистон, Исфара, Истаравшан ва Конибодом бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуданд. Биноҳои мазкур бо дастгирии КИМ, аъзои фаъоли ҳизб, соҳибкорони ватандӯсти шаҳру ноҳияҳо тариқи ҳашар мутобиқ ба талаботҳои замони муосир бунёд гардида, бори дигар ваҳдату муттаҳидӣ ва ҳамдилии ҳизбиёнро собит намуд.

Дар ин давра ҷиҳати беҳтар намудани шароити молиявии кумиҷроияҳо дар назди ташкилотҳои ҳизбии ноҳияи Зафаробод ва шаҳри Конибодом замин барои таъсиси хоҷагии ёрирасон ҷудо гардида, дар назди кумиҷроияи ҳизбии ноҳияи Айнӣ коргоҳи хурди хиштбарорӣ ва дар шаҳри Гулистон коргоҳи дӯзандагӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Бо дастгирии Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент низ чунин коргоҳ ба истифода дода шуд. Дар назди кумиҷроияи ҳизбии шаҳри Хуҷанд бошад баҳри беҳтар намудани вазъи молиявӣ парвариши занбӯри асал ба роҳ монда шуд.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ масъалаҳои ташкили интизоми дохилиҳизбӣ ва қабули босифати узвият ба ҲХДТ ба ҳисоб меравад.

Баҳри тақвияти фаъолияти кори дохилиҳизбӣ бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят озмуни вилоятии “Кумитаи иҷроия, ташкилоти ибтидоӣ, шуъба ва бахшҳои беҳтарин” эълон гардид. Ҳамчунин, ҳар ҳафтаи аввали моҳ “Ҳафтаи тақвияти кори дохилиҳизбӣ” эълон карда шуд, ки ин иқдом дар самти пешбурди фаъолият ва ба низом даровардани фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ мусоидат намуд.

Бо мақсади омӯзиш, ивази таҷрибаи фаъолияти ҳизбӣ ва тақвият бахшидан ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар ин давра Рӯзҳои ҳизбиёни вилоят дар шаҳру навоҳии Панҷакент, Спитамен ва Мастчоҳ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ва Раисони кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо доир гардид.

Самараи чунин тадбирҳо буд, ки шумораи аъзо беш аз 8 ҳазору 818 нафар афзуда, теъдоди 55 адад ташкилотҳои ибтидоии нав таъсис дода шуд. Яъне, ба ҳолати 1-уми сентябри соли равон шумораи аъзои ҲХДТ дар вилояти Суғд ба 162 ҳазору 196 нафар расид, ки аз он 91 ҳазору 783 нафарро занҳо ва 63 ҳазору 496 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Бояд тазаккур дод, ки КИВ ҲХДТ барои қабул ба аъзои ҳизб аз ҳисоби ҷавонон, духтарону бонувони соҳибмаърифату ватандӯст эътибори махсус медиҳад. Айни ҳол дар сафи аъзои ҲХДТ дар вилоят 99 нафар докторони илм ва 801 нафар номзадҳои илм кору фаъолият менамоянд.

Яке аз масъалаҳои дар фаъолияти ҳизбӣ мавқеи меҳваридошта дар сатҳи баланд ба роҳ мондани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ мебошад. Бо назардошти ин баҳри пурсамар амалӣ намудани ҳадафҳои олии ҲХДТ, дастуру ҳидоятҳои фардосози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва рушду такомули тафаккури ҷомеа, пешгирии шомилшавии сокинони кишвар ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, таълимоти ғайрирасмии динӣ, пешгирии содиршавии қонунвайронкунӣ байни ҷавонону нобилиғон, фаъолгардонии нақши занону ҷавонон дар ҷомеа, раҳнамунсозии шаҳрвандон баҳри риояи қатъии қонунҳо, эҳтироми арзишҳои миллӣ, таҳкими эҳсоси меҳанпарастӣ, баланд бардоштани худшиносиву худогоҳӣ ва маънавияти мардум, тарғиби хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаби замин, татбиқи самарабахши Қонунҳои миллӣ дар назди КИ ҲХДТ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он гурӯҳҳои тарғиботӣ аз ҳисоби кормандони кумиҷроияҳои ҳизбӣ, шахсони барӯманди ҳизб, устодони донишгоҳҳои олӣ ва олимону донишмандон, собиқадорон, занони фаъолу ҷавонони болаёқат таъсис дода, фаъолияти ташвиқотию тарғиботӣ ва таҳлилии онҳо дар миқёси вилоят сифатан нав карда, зери назорати қатъӣ қарор дода шуд. Дар натиҷа дар самтҳои зикршуда давоми ин давра 3000 мулоқоту вохӯриҳо бо фарогирии зиёда аз 200 ҳазор нафар аҳолии вилоят гузаронида шуданд.

Дар ҳамаи Кумитаи иҷроия, Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ва Ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар вилоят ҳамасола бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани санаҳои таърихӣ ва ҷашнҳои милливу давлатӣ силсилаи чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, тарбиявӣ, илмию маърифатӣ, таълимиву зеҳнӣ, варзишию солимгардонӣ, таблиғотиву ташвиқотӣ гузаронида мешаванд, ки ба болоравии тафаккури маънавӣ, вазъи иҷтимоӣ ва сатҳи маърифати ҷомеа мусоидат менамояд.

Бо чунин мақсад ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои мондагори Раиси муаззами ҳизб, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалии Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони “Пешвои миллат –кафили рушди иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” дар қасри пуршукӯҳи “Арбоб” бо иштироки 750 нафар, аз ҷумла намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, меҳмонони олиқадр аз маркази ҷумҳурӣ, иштирокчиёни Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, олимону зиёиён, раисони Кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, фаъолону собиқадорони ҳизб ва қишрҳои гуногуни ҷомеа дар сатҳи баланд гузаронида шуд. Дар ҳошияи ин конфронс дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони “Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”, ки дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи мазкур гузаронида шуд, ки маҷмӯи 150 мақолаи илмӣ дар шакли китоб интишор гардид.

Бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аксияи вилоятии автомарафон таҳти унвони “Парчами Тоҷикистон – ифтихори мо!” аз майдони муҷассамаи академик Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров то Муассисаи давлатии “Маҷмааи таърихию фарҳангии Истиқлол”-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Дар аксияи вилоятии автомарафон таҳти унвони “Парчами Тоҷикистон – ифтихори мо!”4000 нафар ҷавонон, занон, собиқадорон, фаъолони ҳизбиву давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ бо парчамҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Бояд қайд кард, ки дар автомарафон беш аз 200 адад нақлиёти хадамоти фармоишии таксии “Makсим” бо парчамҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода гардиданд.

Ҳамчунин, моҳи июни соли равон бо мақсади таваҷҷӯҳ ва бо ғамхорӣ фаро гирифтани кӯдакону наврасон дар ҳамкорӣ бо Хадамоти фармоишии таксии ,,Арзон” ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аксияи хайриявӣ таҳти унвони “Корвони умед” доир гардид. Дар ин рӯз кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд бо шароити таълиму тарбияи бошандагони мактаб-интернати санатории рақами 40-уми шаҳри Конибодом дидан намуда, барои хонандагони муассисаи мазкур чорабинии адабию фарҳангӣ доир намуданд. Сипас, 90 нафар хонандагони парваришгоҳро ба сайру истироҳати шаҳри Хуҷанд оварданд.

Дар идомаи аксия ба бошандагони парваришгоҳ ширинию дигар маводи хӯрданӣ тақдим карда шуда, онҳо аз мавзеи таърихии боғ, марқад ва ҳавлии шоир ва муттафаккири бузурги шарқ Хоҷа Камоли Хуҷандӣ дидан намуда, бо баргузории ҳар гуна бозиҳо болидарӯҳӣ ва дар ҳавои созу мусиқӣ рақсу шодӣ намуданд.

Бояд қайд намуд, ки соли дуюм аст, ки таълимгирандагони мактаб-интернати мазкур зери таваҷҷӯҳи КИВ ҲХДТ қарор гирифта, дар арафаи ҷашнҳои миллию давлатӣ ба ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.

Бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни занону бонувон, бузургдошти модар, тарбияи оилаҳои ҷавон дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои олии оилаву оиладорӣ, омӯзиши илм ва касбу ҳунар ҳамасола бахшида ба Рӯзи Модар бо иқдоми КИ ҲХДТ дар вилоят чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ ва маърифативу фароғатӣ гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, соли равон ба ин муносибат ба 154 000 нафар занону бонувони вилоят “Номаи меҳр”-и КИ ҲХДТ дар вилоят тақдим карда шуд.

Ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҷомеа ва ояндаи давлату миллат шуморида шуда, татбиқи сиёсати давлатии онҳо яке аз ҳадафҳои меҳварии ҲХДТ ба ҳисоб меравад.

Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нерӯву иродаи ҷавонони худогоҳу ватандӯсти кишвар такя карда, ба насли ҷавони кишвар пайваста таваҷҷӯҳ ва дастгириву ғамхориҳои бевосита зоҳир менамоянд. Қобили зикр аст, ки бо ҳидояти бевоситаи Пешвои миллат дар назди ҲХДТ ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” таъсис ёфта, соли 2021 ҷавонони вилоят 10-солагии онро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд. Дар доираи таҷлили 10-солагии ташкилот бо иқдоми КИВ ҲХДТ дар ҳамаи 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамоиши ҷавонон–аъзои ин ташкилот таҳти унвони “Тоҷикистон ба пеш!” дар сатҳи баланди ташкилӣ ва маърифатию фарҳангӣ бо иштироки бевоситаи раиси КИ ҲХДТ дар вилоят, Раисони шаҳру ноҳияҳо ва масъулони касбу кори гуногун гузаронида шуданд, ки дар фарҷоми ҳар як ҳамоиш шумораи зиёди наврасон ва ҷавонон бо додани ваъдаи тантанавӣ оид ба пайрави асили Пешвои миллат гардидан ва содиқ мондан ба қавли худ ба сафи ташкилот пазируфта шуданд. Дар маҷмӯъ дар чорабинии зикргардида 9300 нафар ҷавонон фаро гирифта шуданд. Дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардидани чорабинии мазкур аз қавитар шудани пояи ин ташкилот ва бештар шудани таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа мусоидат намуд.

Дар ин давра фаъолияти мактаби захираи кадрҳои назди кумитаи иҷроияи вилоят низ бо диду назари хоса фаъолият намуда, соли равон ба 34 нафар ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд 36 нафар олимону коршиносон, ходимони барҷастаи давлатӣ тибқи барномаҳои мукаммал дарси илму маърифат гуфтанд. Хеле хушоянд аст, ки доманаи мактаби захираи кадрии вилоят торафт васеъ гардида, соли равон дар пайравӣ ба кумиҷроияи вилоятӣ дар аксари кумиҷроияи шаҳру навоҳии вилоят чунин мактаб таъсис ёфт. Дар маҷмӯъ беш аз 116 нафар ҷавонони фаъоли ҷомеа, ки дар ташкилоту идораҳо фаъолият мебаранд, ба ин мактабҳо ҷалб шуданд.

Ғамхориву дастгирӣ нисбат ба ниёзмандон, беморон, собиқадорон яке аз ҳадафҳои меҳварии ҳизб маҳсуб ёфта, дар ин давр аз ҷониби кумиҷроияи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, вакилони мардумӣ аъзоу соҳибкорон дар пайравӣ ба иқдомҳои хайрхоҳонаи Раиси муаззами ҳизб дар арафаи ҷашнҳои бузурги милливу давлатӣ 10 433 нафар чунин шахсон аёдат карда шуда, ба онҳо маводи хӯрока ва кӯмакпулӣ дастрас гардид.

Дар ташвиқу тарғиби ғояҳои ҳизбӣ васоити ахбори омма низ нақши муҳим дошта, дар ин давра ҳамкории КИВ ва шаҳру ноҳияҳои он бо тамоми воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ ва қаламрави вилоят хуб ба роҳ монда шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд ду барномаи алоҳида таъсис додааст. Яке аз онҳо барномаи телевизионӣ таҳти унвони “Тоҷикон” мебошад, ки баҳри ташвиқу тарғиби таърихи пурғановати халқи тоҷик, омӯзиши ҳамаҷонибаи китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки мутахассисони соҳа ҳар моҳ ду маротиба сабт ва инъикос мегардад. Ба шарофати барномаи мазкур бинандагон боз ҳам хубтару фаҳмотар аз мазмун ва мӯҳтавои китоби арзишманд шиносоӣ пайдо намуда истодаанд.

Ҳамчунин, соли равон бо иқдоми дигари Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят бо мақсади тарғиб ва ҳифзу гиромидошти фарҳангу адабиёти пурғановати миллӣ, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, ғояҳои ватандӯстӣ, рушди маърифату маънавиёти ҷавонон, нигоҳдошти анъанаҳои бузурги аҷдодӣ барномаи нави адабӣ таҳти унвони “Гулчини маънӣ”моҳе ду маротиба сабту пахш шуда истодааст, ки таҳлилҳо ва нақли ҳикматомези осори адибонро, ки дар тарбияи ахлоқию маънавии насли ҷавон ва ҷомеа нақши муассир доранд, фарогир мебошад.

Дар ин давр тавассути телевизиони вилояти Суғд 25 барномаи телевизионии “Амният ва ҷомеа” сабт гардидааст, ки дар аксари ин барномаҳо роҳбарият ва масъулини КИ ҲХДТ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ширкат варзида, андешаҳояшонро перомуни масоили гуногуни сиёсӣ иброз доштанд.

Бояд зикр намоем, ки КИ ҲХДТ дар вилоят дар арафаи санаҳои муҳими таърихиву ҷашнӣ ва марбут ба масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа мунтазам бо барномаи телевизиони вилояти Суғд “Назаре ба оина”, ки ҳафтае ду маротиба намоиш дода мешавад, ҳамкорӣ менамояд, ки аз аввали сол то имрӯз 15 барнома таҳти унвонҳои “Ҷавонони ваҳдатсаро”, “Аз Паём то Паём”, “Бонувони ҲХДТ ва саҳми онҳо дар рушди ҷомеа”, “Баракати зиндагӣ аз ҳамдигарфаҳмист”, “Ҳунар беҳ аз зар бувад”, “Хизмат ба Ватан шараф аст” ва “Бонувон дар варзиш” сабт ва пахш карда шуд.

Гузашти рӯзҳо моро ба ҷашнҳои муқаддаси миллӣ – 30 – солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 35 – солагии Истиқлоли Тоҷикистон, 30 – солагии таъсисёбии Ҳизбии Халқии Демократии Тоҷикистон наздиктар менамояд.

Рисолати мо ҳизбиён дар ин марҳилаи таърихӣ татбиқи сиёсати ояндабинонаи Пешвои муаззами миллат дар ҷодаи муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ маҳсуб мешавад. Зеро вазъи мураккаби сисёсиву иқтисодии ҷаҳони имрӯз мо ҳизбиёнро тақозо менамояд, ки масъулияти бузурги ватандӯстиву ватандориро аз ҳар вақта бештар эҳсос намуда, бо матонату устуворӣ, нерӯи бузурги маънавӣ, дониши баланди сиёсӣ дар сафи пеши мафкурасозиву ҳидоятгарии ҷомеа бошем.