Конференсияи илмӣ таҳти унвони ”Истиқлол-неъмати бебаҳост”

2022-09-08

Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ ва дастуру супоришҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон бахшида ҷашни 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идораю муассисаҳо ва ҷамоатҳои деҳот чорабиниҳо доир мешаванд.

Вобаста ба ин санаи таърихӣ дар ташкилоти ибтидоии "Дониш" бо иштироки Раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ Ҳимматзода Ато Ҳиммат, муовини раиси ноҳия Сафармамадзода Сафарбегим Сафармамад Конференсияи илмӣ назариявӣ дар мавзӯъи "Истиқлол-неъмати бебаҳост" баргузор гардид.

Хеле бамаврид зикр гардид, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст, ки 31 сол муқаддам ба даст омад. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.

Ҳамзамон, бояд ёдовар шуд, ки ҳодисаву воқеаҳои пурошӯби ибтидои солҳои навадум моро водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатии мо маҳсуб мешуд.

Истиқлол барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.