ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ

2022-09-07

Дар Кохи маърифат бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат маҳфили адабию фарҳангӣ баргузор гардид. Дар он роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони ҷавонон, собиқадорони ҲХДТ ва занони фаъолу ҳунарманд иштирок доштанд. Чорабиниро раиси комиҷроияи ҳизб Ислом Ҳайдарзода ифтитоҳ бахшида, муфассал дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон, махсусан шаҳри Ваҳдат дар даврони соҳибистиқлолӣ ва иқдому ташаббусҳои ҳизбу Сарвари муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳикоят карда, ҳозиринро бо ин ҷашни бошукуҳ табрик ва ба онҳо сарбаландию солимию хушбахтиҳо таманно намуд.

Муовини раиси шаҳр, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии мамалакат Фарзона Хоҷазода дар суханрониаш аз солҳои вазнини аввали соҳибистиқлолӣ ва чӣ гуна бо талошҳои Сарвари хирадманду фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ба як кишвари ободу осоишта ва мутараққӣ табдил ёфтани Тоҷикистон ёдовар гардида, иштирокчиёнро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатӣ табрик намуд.

Собиқадори ҳизбу маориф Майсара Назарбекова ва омӯзгори литсейи ба номи Темур Собир Ҳабиба Соҳибова низ дар бораи аҳамияти истиқлолу дастовардҳои айёми соҳибистиқлолӣ бо ифтихор қисса намуданд.

Сипас, барномаи ба ин муносибат барномаи омоданамудаи ҳунармандони қасри фарҳангу шогирдони маҳфили “Театр-студия”-и маркази эҷодии кӯдакону наврасон ва тарбиятгирандагони кӯдакистонҳо, ки аз шеъру суруд ва рақсҳои ҷолиб пешкаш гардид.

Дар ҷамъбасти маҳфил якчанд фаъолони ҳизбу собиқадорон бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат сарфароз гардиданд.