Чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 31- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

2022-09-07

Дар асоси барқияи телефонии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти №16 ҷиҳати тантанавор таҷлил намудани ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии вазорату идораҳо, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, маҳаллаҳо, деҳаҳо ва шаҳраку деҳот маҷлисҳои тантанавӣ ва чорабиниҳои фарҳангиву идона бо иштироки фаъолон ва собиқадорони ҳизб ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор карда мешаванд.

Дар ин росто дар Литсейи касбии техникии №60-и ноҳияи Вахш бо иштироки мудири шуъбаи омори КИ ҲХДТ дар ноҳия Сатторов Шариф ва директори ЛКТ №60-и ноҳия Шарифзода Фирдавс чоарбинии идона доир гардид.

Мавсуф зимни баромад бо қаноатмандӣ ва иброз намуд, ки мардуми диёр бо заҳмати созанда ба хотири таҷлили ҷашни мубораку муқаддаси миллиамон намунаи ибрати дигарон хоҳанд буд. Сокинони заҳматпешаи ноҳия барои дар сатҳи баланд ва бо эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ истиқбол гирифтани ҷашни муқаддаси 31 - солагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон дучанд заҳмат кашида, ноҳия ва деҳоти худро боз ҳам ободу пешрафта гардониданд.