Некӣ бимонад ҷовидон

2022-09-07

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои саривақтии барқияи Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аёдати собиқадорон ва маъюбонро роҳандозӣ намуд.

Зимни сӯҳбат аёдатшудагон бо шукргузорӣ аз даврони Истиқлол ва сиёсати дурбинонаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нисбати ғамхориҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипосгузорӣ намуда, баҳри осоиш ва гул-гулшукуфоӣ ва боз ҳам рушди босуботи кишвари соҳибистиқлоли миллати тоҷик дасти дуо кушоданд.

Ҳамзамон зикр гардид, ки пайванди устувори арзишҳои миллӣ ва диниву фарҳангӣ моро ба амалҳои хайру савоб, сарфаю сариштакорӣ, тарбияи дурусти насли наврас ва тарғиби илму маърифат ҳидоят мекунад.

Дар анҷом аз тарафи масъулин зиндагии орому пурсаодат ва ба кишвари азизамон сулҳу субот, пешрафту ободӣ ва дастовардҳои рӯзафзун таманно гардид.