ҶАШНИ МУТАНТАН ДАР ТИ "ОМОР"

2022-09-05

Санаи 5-уми сентябри соли ҷорӣ ба ифтихори 31-солагии Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омор”-и Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Юсуфӣ Хайриниссо – Муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Қурбонзода Убайдулло – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Ҳасанзода Гулнора Кенҷа – директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзоёни ҳизб вохӯрии тантанавӣ баргузор гардид.

Вохӯрӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Сипас Ҳасанзода Гулнора Кенҷа меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, қайд намуд, ки мардуми шарафманди мамлакат дар остонаи Ҷашни воқеан пурифтихори миллӣ 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Истиқлолият барои халқи тоҷик пурарзиштарин неъмат мебошад. Бояд мо ба қадри ин неъмат бирасем, нагузорем, ки бадхоҳони миллат ба он зарар расонанд.

Дар идома Хайриниссо Юсуфӣ зимни суханронии худ, зикр намуд, ки Истиқлолият барои ҳаp миллат калимаи муқаддас аст ва ҳap халқ тӯли таърих кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки аз меваи шаҳдбори ин дарахти ҳамешасабзи умеду орзуҳо ком ширин кунад. Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад. Мо ифтихор аз он дорем, ки бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешонгаштаи тоҷик сарҷамъ омад, давлат обод шуд, сулҳу оромӣ, ризоият ва ваҳдати миллӣ дар мамлакат барқарор гардид».

Инчунин Қурбонзода Убайдулло зикр намуд: “Истиқлолият барои мардуми тоҷик беҳтарин ва бузургтарин дастовард маҳсуб меёбад. Миллати шарафманди тоҷик тӯли солҳои соҳибистиқлолию соҳибихтиёрӣ дастовардҳои беназирро соҳиб гашт. Воқеан ҳам Истиқлолият дастоварди беназиру муқаддас, неъмати бебаҳо ва сарчашмаи ободию озодӣ ва созандагию бунёдкорӣ буда, рукни асосии давлати мустақил, рамзи шарафу номус, кафолати сарбаландию саодатмандӣ ва неруи таконбаши зиндагӣ мебошад”.

Вохӯрӣ дар руҳияи тафоҳум ва судманд доир гардид.