Маҳмадтоир Зокирзода бо ҳайати Парлумони Аврупо мулоқот намуд.
2022-02-22
Имрӯз Раиси Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо ҳайати
Парлумони Аврупо, ки таҳти роҳбарии раиси Кумитаи корҳои байналмилалии
Парлумони Аврупо Дэвид Макаллистер дар Душанбе қарор дорад, мулоқот намуд. Дар
ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато
Султонов иттилоъ дод.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки сафари ҳайати Парлумони Аврупо ба Тоҷикистон нишонаи ҳавасмандии ҷонибҳо ҷиҳати идома додани ҳамкории судманд ва гуногунпаҳлӯ мебошад. «Соли ҷорӣ ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва якчанд кишвари узви Иттиҳоди Аврупо 30 сол пур мешавад, — зикр намуд раиси Маҷлиси намояндагон ва илова кард, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори рушди ҳамкории созанда бо кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дар асоси усули дӯстиву ҳамкорӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтирому эътимоди тарафайн дар минтақа мебошад». Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин иброз намуд, ки тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дар мадди назари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро аз ҷумлаи шарикони муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ мешуморад.
Раиси Маҷлиси намояндагон роҷеъ ба муносибатҳои байнипарлумонӣ изҳор кард, ки «мо таҳкими ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистонро бо Парлумони Аврупо барои тавсеаи минбаъдаи муносибатҳо муҳим арзёбӣ менамоем». Ба гуфтаи Маҳмадтоир Зокирзода, Тоҷикистон манфиатдор аст, ки робитаҳоро бо Парлумони Аврупо дар масъалаҳои такмили парламентаризм, таҳия ва такмили қонунҳо бо дарназардошти манфиатҳои миллию давлатӣ, волоият ва сифати қонун, соҳаҳои гуманитарӣ ва ҳуқуқи инсон, бахши маориф ва дигар масъалаҳои мавриди назар минбаъд низ густариш диҳад.
Раиси Маҷлиси намояндагон ба ҷониби Иттиҳоди Аврупо барои ба Тоҷикистон расонидани кумакҳои башардӯстона, бахусус бобати бартараф намудани оқибатҳои вируси COVID-19 ва тақвияти заминаи моддию техникии соҳаи тандурустӣ, инчунин барои дастгирии ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд. «Итминон дорам, ки ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи «Соли умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардидани соли 2025 низ аз ҷониби кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дастгирӣ меёбад», — изҳор дошт Маҳмадтоир Зокирзода. Раиси Кумитаи корҳои байналмилалии Парлумони Аврупо Дэвид Макаллистер боздиди ҳайати Парлумони Аврупоро аз Тоҷикистон барои тақвияти ҳамкории дуҷониба дар ҳамаи заминаҳо муҳим арзёбӣ кард.